Тақдими 148 дипломҳои аъло ба хамткунандагони ДДХ
Дар Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маросими тақдими дипломҳо ба 148 нафар магистрон ва хатмкунандагони бакалавру мутахасиси аълохон баргузор гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати Донишгоҳ иттилоъ доданд, феълан дар ин донишгоҳ 17 факулта ва 76 кафедра, аз ҷумла факултаи таҳсилоти ғоибона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ, марказҳои илмӣ тадқиқотӣ, Парки технологӣ, китобхонаи марказӣ ба роҳ монда шудааст.
«Дар Донишгоҳ аз рўи 83 ихтисос дар шўъбаи рўзона ва аз он 29 ихтисос дар шўъбаи ғоибона дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён гирифтааст. Соли равон Донишгоҳро 2 ҳазору 479 нафар донишҷўён хатм намуданд, ки 1309 нафар дар шўъбаи рўзона ва 1170 нафар дар шўъбаи ғоибона мебошанд. Аз ин, бо дипломи «аъло» 103 нафар буда, дар шўъбаи рўзона 85 нафар ва дар шўъбаи ғоибона 18 нафар мебошад. Аз 103 нафари бо дипломи «аъло» хатм намуда, 23 нафар ба дараҷаи мутахассис ва 80 нафар ба дараҷаи бакалавр соҳиб гаштаанд. Аз шумораи умумии хатмкардагон 329 нафар бо дараҷаи мутахассис ва 2 ҳазору 150 нафар бо дараҷаи бакалавр хатм намуданд»,- афзуд манбаъ.
Зимнан, қайд гардид, ки бори аввал, соли равон Донишгоҳро 127 нафар магистрантон хатм намудаанд, ки аз онҳо 45 нафар бо дипломи аъло мебошанд.