Лағжиши теппа ба сари як хонавода 2 кушта ва 2 маҷруҳ барҷой гузошт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асари лағжиши теппа ба ҳавлии Сафаров Ашӯр, сокини 69-солаи Муъминобод ду кӯдаки ин хонавода ба ҳалокат расида, ду нафари дигарашон ҷароҳати вазнин бардоштаанд.
Ба иттилои ин ниҳод ҳодиса рӯзи 16-уми июл, тахминан соати 11:30 дақиқа сурат гирифтааст: “Сафаров Юсуфи 5-сола ва Сафарзода Иброҳими 3-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, Сафаров Алиҷони 14-сола ва Сафаров Фирдавси 6-сола бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд.”
Манбаъ мегӯяд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.