Иҷозаи Маҷлиси Миллӣ барои ҳабси додрас Ҷалол Исроилов
Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, бо дархости додситони кулли кишвар барои ҳабси Ҷалол Исроилов -- додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ иҷоза додааст. Ин тасмим дар ҷаласаи рӯзи 17 июли Маҷлиси Миллӣ гирифта шуда, додситони кул гуфтааст, Исроилов барои гирифтани ҳашт ҳазор доллар ришва аз Ҳасанов М.А, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Саидшариф Шарифов”-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, муттаҳам мешавад.
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, афзудааст, “ҷинояти ришвахории Ҷалол Исроиловро Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ошкор намуда, ҳоло парвандаи ҷиноии ӯ мавриди тафтиш қарор дорад.” Ба иттилои манбаъ, гӯиё Исроилов дар раванди баррасии шикояти кассатсионӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ, барои дар доираи ваколатҳои мансабии худ ба манфиати хоҷагии номбурда ҳал шудани шикояти кассатсионӣ, аз раҳбари он ин маблағро гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, торнамои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин қазия навиштааст, “Исроилов ду бор - 22 ноябри соли 2012 дар наздикии бинои Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон 7 400 $ ва тахминан 2 ё 3 декабри соли 2012 дар утоқи кории худ 600 $ ва дар маҷмӯъ 8 000 $ ба сифати пора талаб карда гирифтааст”. Ба иттилои манбаъ, додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ ҳангоми баргардонидани маблағ ба раҳбари хоҷагии деҳқонии “Саидшариф Шарифов” боздошт шудааст.
Дар ҳоле ки ба қавли додситони кул гӯиё, ҳангоми баррасиҳои минбаъдаи судӣ баҳс ба манфиати Ҳасанов М.А ҳал нашудааст ва аризадиҳанда аз Исроилов маблағҳои қаблан додаашро талаб кардааст. Аз ин рӯ, додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи майи то 14 июни соли 2014 шахсан дар чор ҳолат ва дар як ҳолат писараш Алишер Исроилов маблағи гирифтаашро бар мегардонад. “23 июни соли равон Исроилов тавассути писараш А. Исроилов боз 200 $-ро ба Ҳасанов М.А баргардонида медиҳад, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ -тафтишотӣ маблағи 200 $ дар ҳузури А. Исроилов ва Ҳасанов М.А ёфта гирифта мешавад. Ҳамзамон Ҷ. Исроилов 23 июни соли 2014 бо мақсади бозпас гардонидани қисми боқимондаи маблағи қаблан ба сифати пора гирифтааш - 5800 $ ва 100 сомониро ба мақомоти тафтишотӣ ихтиёран месупорад”,-навиштааст торнамои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.