Эътимодномаи Маликшо Неъматов ба Гаук дар қасри Белвю
Маликшо Неъматов, сафири тозатаъини Тоҷикистон дар Олмон, эътимодномаи худро ба раиси ҷумҳури он кишвар -- Йоахим Гаук супурдааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин маросим рӯзи 16 июл дар Қасри Белвюи шаҳри Берлин сурат пазируфт.
Дар оғози суҳбат раиси ҷумҳури Олмон Маликшо Неъматовро ба шурӯи фаъолияти дипломатиаш табрик гуфта, изҳори бовар кардааст, ки ӯ ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард. “Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо қаноатмандии худро аз сатҳу сифати муносибатҳои ҳар ду кишвар изҳор намуда, дар бобати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар самти тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳои мутақобилан судманд табодули назар карданд”,-навиштааст торнамои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Маликшо Неъматов дар лаҳзаҳои аввали таъин шуданаш ба мақоми сафири Тоҷоикистон дар Олмон гуфта буд, ҳадафаш муаррифии кишвар дар қораи Аврупо ва ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба Тоҷикистон мебошад. Ҷаноби Неъматов, ки ба ҳайси раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ кор мекард, рӯзи 11 июни соли ҷорӣ бо фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сафири нави Тоҷикистон дар Олмон таъин гардида, курсии худро дар ихтиёри Аҳтам Абдуллозода гузошт.
Неъматови 45-сола зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон буда, аввал Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-шарқшинос ва баъдан Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Ӯ фориғуттаҳсили Академияи хидмати давлатии Русия мебошад. Ӯ аз соли 2007 ба ин сӯ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон буд ва ҳамзамон ба ҳайси муовини президенти Кумитаи миллии олимпӣ кор мекард.