Таъхири шиносномадиҳӣ дар Бадахшон: Сӯхтор ё мушкили сунъӣ?
Сайф Сафар, рӯзноманигор
Сокинони Бадахшон мегӯянд, беш аз як моҳ аст, ки наметавонанд шиносномаҳои дохилӣ ва хориҷӣ гиранд.
Алим Шерзамонов, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон дар суҳбат бо “Озодагон” ин нуқтаро тасдиқ карда, афзуд, ки худаш низ ба мушкили гирифтани шиносномаи дохилӣ рӯбарӯ шудааст. Ба гуфтаи Шерзамонов мақомот далел пеш меоранд, ки дар Хоруғ барӯйхатгирии аҳолӣ ҷараён дорад ва то моҳи сентябр мушкилоти гирифтани шиноснома бартараф хоҳад шуд.
Ин ҳолат замоне сар задааст, ки дар Бадахшон низ ба далели манъи шиносномаҳои дохилии Тоҷикистон зимни рафтуомад ба Русия талабот ба шиносномаҳои хориҷӣ зиёд шудааст. Инчунин ин ҳолат кори довталабонеро, ки нияти таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ доранд, мушкил кардааст.
Як корафтода аз ноҳияи Шуғнон, ки ба мушкили гирифтани шиносномаи хориҷӣ дучор шудааст, ба “Озодагон” гуфт, бо вуҷуди пардохти маблағ қариб як моҳ боз наметавонад, шиносномаашро гирад: “Ба мо гуфтанд, ки 225 доллар ва 100 сомонӣ пардохт кунед ва дар муддати аз 3 то 8 рӯз шиноснома омода мешавад. Ман ин маблағро ба Амонатбонк пардохтам ва расидашро ба ҳуҷҷатҳои дигар ба мизи шиносномадиҳӣ пешниҳод намудам. Аммо бо гузашти чанд ҳафта аз шиноснома дараке нест. Ба ман то санаи 20-уми моҳи июл барои гирифтани раводид шиносномаа лозим аст. Ҳоло ин фурсатро аз даст медиҳам.”
Ба гуфтаи ин мусоҳиби “Озодагон” масъулини мизи шиносномадиҳӣ далели таъхиркориҳояшонро шарҳ намедиҳанд: “Қаблан ба мо гуфтанд, ки вобаста ба муҳлати гирифатани шиноснома аз 75 то 225 доллар супоред. Гуфтанд 75 доллар барои то 25 рӯз, 150 доллар барои то 15 рӯз ва 225 доллар бароито 8 рӯз бояд пардохт шавад. Ҳоло на шиносномаро гирифтаем ва на маблағҳоямонро бозпас гирифта метавонем.”
Дар Раёсати умури дохилии Бадахшон ҷой доштани чунин вазъро тасдиқ карда, афзуданд, ки далели надодани шиноснома нобуд шудани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон дар натиҷаи сӯхтори биноҳои мақомоти қудратӣ дар қазияи ахири шаҳри Хоруғ аст. Мусоҳиби “Озодагон” изҳор дошт, ки “феълан дар шаҳри Хоруғ бақайдгирии аҳолӣ рафта истодааст. Ҳар гоҳе, ки ин раванд ба охир мерасад додани шиносномаро шурӯъ мекунанд”.
Ин мушкилӣ дар ҳоле сар задааст, ки Русия, ки манбаи даромади аксари шаҳрвандони Тоҷикистон аст, сар аз 1-уми январ рафтуомад бо шиносномаи дохилии Тоҷикистонро манъ намудааст. Ин қарор боис шудааст, ки бисёре аз сокинони Бадахшон низ ба хотири гурез аз мушкилӣ зимни сафари Русия талош доранд, то шиносномаи хориҷӣ гиранд. Аммо бо вуҷуди давутоз ва сарфи вақту нерӯи зиёд сокинони вилоят наметавонанд шиносномаҳо гиранд.