Ҳотамов: "Қосими Раҳбар рост гуфт, ки беш аз 1 миллион тонна картошка гирифтем, аммо пӯсид"
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе омилҳои болоравии нархи картошка ва гӯштро шарҳ дод.
Давлаталӣ Ҳотамов, муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон аз ҳисоботи вазир Қосими Раҳбар ба президент дар бораи истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна картошка дар кишвар ҳимоят намуда, изҳор дошт, ин омор воқеист, аммо бисёри картошкаи истеҳсолшуда ба далели набудани яхдонҳои нигоҳдорӣ пӯсидааст. Ӯ таъкид намуд, ки ният доранд, барои нигоҳдории картошка дар Тоҷикистон бунёди яхдонҳоро ба роҳ монанд.
Дар посух ба шубҳаи хабарнигорон, ки наход ҳазорҳо тонна картошка пӯсидааст, Аббосхуҷа Яҳёхуҷаев, масъули Вазорати кишоварзӣ худро мисол овард, ки “300 кило картошка дошт, вале зимистони имсол ҳамааш пӯсид.” Яҳёхуҷаев афзуд, ки соли равон дар майдони беш аз 18 ҳазор гектар картошка кишт шудааст, то мушкили болоравии нархи он дар оянда такрор нашавад.
Вазорати кишоварзӣ илова намуд, ки нимсолаи аввали соли равон дар дохили кишвар 137 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст ва феълан нархаш дар бозорҳои кишвар 1,5-2 сомониро сари ҳар килограм ташкил медиҳад.
Давлаталӣ Ҳотамов ба масъалаи нархи маҳсулоти гӯшту ширӣ низ дахл карда, сабабашро холӣ мондани фермаҳои чорводорӣ баъди замони шӯравӣ гуфт. Ӯ афзуд, ки барои поён бурдани нархи маҳсулоти гӯшту ширӣ бояд, фермаҳои чорводорӣ ҳар чӣ зудтару бештар барқарор карда шаванд. Ӯ илова намуд, ки феълан аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ 50-55 дарсади талаботи кишвар бо маҳсулоти ширу гӯштӣ таъмин мегардад: "Мо ният дорем ин нишондиҳандаро дар ояндаи нзадик ҳадди ақал ба 80-85 дарсад расонем."
Феълан нархи як кило гӯшт дар Душанбе ҳудуди 40 сомониро ташкил медиҳад, ки қариб ба 20 дарсади маоши ҳадди ақал дар кишвар баробар аст.