Маркази миллии тестӣ: Ба қаллобону порагирон бовар накунед!
Маркази миллии тестии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон бо пахши як иттилоия аз довталабону волидонашон хостааст, ки соли равон барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо беҳуда пора надиҳанду “тағобозӣ” накунанд.
Ин ниҳод, ки соли равон масъулияти дохилшавии довталабонро ба уҳда дорад, ҳушдор додааст, бархе аз қаллобону фасодкорон талош мекунанд, барои дохилшавии довталабон маблағ гиранду ваъдаҳои бардурӯғ медиҳанд: “Шахсони қаллоб барои амалӣ намудани ниятҳои нопок аз номҳои бардурӯғ ва сохтакорона, ки гӯиё дар Маркази миллии тестӣ кор мекунанд ва ё бовар мекунонанд, ки бо “ин” ё “он” корманди марказ ҳамкорӣ доранд, ба обрӯ ва эътибори марказ таъсири манфӣ расонида, боварии ҷомеаро нисбати низоми нави имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ коста менамоянд. Бо тамоми масъулият ба мардум изҳор менамоем, ки имтиҳонҳои марказонидаидохилшавӣ ба таври шаффоф ва одилона ба роҳ монда шуда, имконияти дахолати беруна ва тақаллуб аз байн бардошта, ба ҳар гуна амалҳои номатлуб ва беадолатиҳо дар низоми дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ хотима бахшида мешавад”.
Ин иттилоияи Маркази милли тестии назди президент дар пайи хабари Оҷонсии зидди фасод дар бораи боздоштти як омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббӣ нашр гардид. Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ аз боздошти ассистенти кафедраи «Физиолигияи нормалӣ», муаллимаи 56-солаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон хабар дод, ки барои дохил намудани довталаб 11 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намудааст ва гӯиё 2 ҳазор доллари он барои “Неъмат” масъули Маркази миллии тестӣ пешбинӣ шудааст.
Аз Маркази милли тестӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки баъди пахши ин хабар бо муроҷиати Оҷонсии зидди фасди молӣ онҳо руйхати тамоми кормандонашонро пешниҳод карданд, ки чунин шаҳс бо номи Неъмат дар ниҳодашон кор намекунад.
Ин ниҳод бори дигар таъкид намуд, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ соли равон ба таври шаффоф ва одилона бе дахолати беруна ва тақаллуб сурат хоҳанд гирифт.