Ҳалокати як харидори тарбуз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Маҳмадюсуф Додалиев, як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зимни як нохушӣ ҳангоми тарбузхарӣ ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Додалиев дар миёни мошини ҳомили тарбуз ва як мошини Зили дигар монда, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар шарҳи қазия манбаъ афзуд, ки Бобоҷон Назаров, ронандаи 37-солаи Зил аз ноҳияи Хуросон ба нияти интиқоли тарбуз мошинашро ба бордони Зили дигари ҳомили тарбуз 60 сантиметр наздик мондааст: “Додалиев ба нияти харидории тарбуз миёни ду мошин медарояд, ки дар ин ҳангом Назаров мошинро ба қафо меронад. Дар натиҷа харидори тарбуз дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.”
Ба иттилои ин ниҳод аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.