Савганди Башшор Асад барои 7 соли дигар ва ҳушдораш ба кишварҳои арабӣ
Башшор Асад, раисиҷумҳури нави Сурия барои як давраи 7-солаи раёсатиҷумҳури кишвараш дар парлумон савганд ёд кард.
Ӯ аз сари нав интихоб шуданаш ба ин мақомро пирӯзии мардуми Сурия хонда, гуфтааст, “ин миллат дар майдони ҷанг алайҳи душманон ғолиб омад.” Асад дар идома аз кишварҳои ғарбӣ ва бархе аз давлатҳои арабӣ, ки гӯиё аз терроризм пуштибонӣ мекардаанд, ҳушдор додааст, подоши ин амалашонро хоҳанд гирифт.
Башшор Асад, ки аз соли 2007 ба ин сӯ, зимоми қудратро дар Сурия дар даст дорад, дар интихоботи президентии 3 июни соли ҷорӣ бо соҳибии 88,7 дар сади оро ба рақибонаш дастболо шуд. Рақибони ӯ --Ҳасан Абдул Иллоҳӣ ан-Нурӣ (профессори донишгоҳи Димишқ) ва Моҳир Абдул Ҳафиз Ҳаҷир (вакили парлумон) мутаносибан 4,3% ва 3,2% овоз гирифтаанд.
Ҳарчанд мухолифини Сурия ин интихоботро қабул надоранду онро як мазҳакае бо номи демократия медонанд, аммо ҳукумати Башшор Асад бар ин аст, ки дар таърихи навини кишварашон барои бори нахуст чунин интихобот бо иштироки се номзад баргузор шудааст. Моҳи марти соли ҷорӣ ба қонуни интихоботи Сурия тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки дар интихоботи президентӣ иштироки чанд номзадро иҷоза медиҳад. То кунун раиси ҷумҳури Сурия аз сӯи ҳизби ҳоким пешниҳод шуда, парлумон ӯро тасдиқ мекард. Сипас, раъйпурсӣ ба ҷонибдорӣ аз ин номзад гузаронида мешуд.
Башшор Асад дар пайи чунин як раъйпурсие 27 майи соли 2007 бо ба даст овардани 97,62 дарсади оро ба курсии раҳбарии Сурия нишаст. Эълони авфи умум аз сӯи Башшор Асад дар ҳолест, ки аз соли 2011 ба ин сӯ ҷанги дохилиии Сурия миёни мухолифин ва тарафдорони ҳукумати Башшор Асад идома дорад. Ба иттилои манобеи хабарӣ, шумораи қурбониёни нооромиҳои Сурия ба беш аз 160 ҳазор нафар расидааст. Ӯ дар пайи интихоботе дубора ба курсии раёсати кишвараш нишаст, ки Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҳуқуқи башари вобаста ба он, Иттиҳоди кишварҳои арабӣ ва аксари кишварҳои ҷаҳон онро “намоиши мазҳакавӣ” хондаанд.
Сурия яке аз нооромтарин кишварҳои арабӣ ба шумор рафта, давоми се соли охир аст, мухолифон бо ҳукумати Башшор Асад даст ба гиребон шудаанд. Тибқи бархе хабарҳо ҳоло шумораи фавтидагон дар ин кишвар ба беш аз 160 ҳазор нафар расидааст, ки коршиносон 7 ҳазори онҳоро кӯдак хондаанд.