Шаҳрдори Хуҷанд гуфт, "муроҷиати наҳзатиҳоро қонеъ мекунем"
Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳрдори Хуҷанд, дар ҷараёни нишасти хабарияш ба муроҷиати Ҳизби наҳзати исломӣ дар барои ҷудо кардани дафтари корӣ дар маркази Суғд низ дахл кард. Ӯ гуфт, “воқеан, мактуби ҲНИТ ба унвонии маъмурияти шаҳр ворид шудааст ва мо дар чаҳорчӯби қонун ҳамаи онро дида баромада, муроҷиаташонро қонеъ мегардонем”.
Ин дар ҳолест, ки баъд аз зуҳри 18 июни соли равон мақомоти зидахли шаҳри Хуҷанд ба вайрон кардани қароргоҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Суғд шуруъ намуданд.
Бино ба гуфтаи онҳо, тибқи нақшаи куллии шаҳри Хуҷанд қароргоҳи ҲНИТ дар Суғд вайрон ва дар ҷояш кабудизор бунёд хоҳад шуд.
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон – яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, таърихи 40-сола дорад ва ягона ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Марказист. Ин ҳизб дорои торнамову нашрияи худ буда, ба гуфтаи масъулонаш, 42 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар Суғд мебошанд.