Шикояти наздикони Мумтози ғӯрамарг ба додситонӣ аз болои пизишкон
Сайф Сафар, рӯзноманигор
Наздикони Мумтоз Ширинбекова, сокини шаҳри Хоруғ, ки дар пайи ҷарроҳии табибон даргузаштааст, алайҳи - Заррина Қурбонмаҳмадова ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Онҳо иддао доранд, ки Мумтози 26-сола ҳангоми таваллуди кӯдак ба ҷарроҳӣ ниёз пайдо карда, аммо бо иштибоҳи Қурбонмаҳмадова зинда намондааст.
Эҳсон Шогунов, ҳамсари Мумтоз Ширинбекова, дар сӯҳбат бо “Озодагон”, гуфт, касе дар ин қазия гунаҳкор аст, бояд ҷавоб бигӯяд. Ӯ дар посух ба ин савол, ки ба чӣ далел Заррина Қурбонмаҳмадоваро муттаҳам мешуморанд, гуфт, “монанди мо ҷабрдидаҳо зиёданд. Қаблан ҳам яке аз пешобдон, дигаре аз бачадонаш зарар дидааст. Соли 2004 Заррина Қурбонмаҳмадова барои фаъолияти ғайриҳирфаияш як баҳси додгоҳӣ ҳам кашида шуда буд, аммо пас аз ин ӯ боз ба фаъолияташ дар беморхона давом дод. Ҳоло фаъолияти Заррина маҳдуд шудааст ва ӯ танҳо дар ним баст кор мекунад”.
Эҳсон мегӯяд, Заррина пас аз ҷон додани Мумтоз танҳо як бор ба пеши ӯ омадааст. “Ӯ ҳатто маъзаратхоҳӣ накард ва худашро дар ин ҳодиса гунаҳкор намедонад”,-афзуд ӯ.
Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдаки Вазорати тандурустии Тоҷикистон, гуфт, ӯ ҳоло бо як сафари хизматӣ дар вилояти Бадахшон аст ва ба қазияи Мумтоз Ширинбекова низ расидагӣ хоҳад кард. Ӯ афзуд, ки ҳадафи сафарашон дар маҷмуъ шиносоӣ бо вазъи тандурустии Бадахшон аст ва онҳо феълан дар роҳ ба Хоруғ қарор доранд. Раҳматуллоев илова намуд, ки бо вуҷуди муҳлати кӯтоҳи сафарашон ҳатман дар мавриди қазияи марги Ширинбекова суҳбатҳо анҷом хоҳанд дод. Эҳсон Шогунов ҳам мегӯяд, шунидааст, ки кадом ҳайате бояд барои таҳқиқи ин қазия аз марказ ба Бадахшон биёянд, “вале то ин лаҳза касеро надидаам”.
Шералӣ Раҳматуллоев дар маҷмуъ тасдиқ кард, ки ҳолати фавти модару кӯдак бо иштибоҳи пизишк ҳангоми таввалуд зиёданд. Ӯ дар мавриди муҷозоти чунин пизишкон афзуд, “ин дар салоҳияти мақомоти дахлдор аст, ки ҳар қазияро дар алоҳидагӣ таҳқиқ ва ҷазоро таъин мекунанд”.
Дар ҳамин ҳол фарзанди Мумтоз Ширинбекова ҷон ба саломат бурда, ба гуфтаи падараш вазъи саломатии ӯ хуб аст.