Қазияи ишқу ошиқӣ, гаравгонгирӣ ва талаби 5 000 $
Мақомоти пулис 4 сокини ноҳияи Панҷакентро боздошт намудаанд, ки дар ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздоштшудаҳо Сайёд Боқиев, сокини 26-солаи ноҳияи Айниро, ки бо хоҳари яке аз онҳо муносибати ошиқона доштааст, гаравгон гирифтаанд.
Манбаъ мегӯяд, муноқиша дар заминаи муносибати ошиқонаи Боқиев бо як духтари панҷакентӣ сар зада, бо он анҷомид, ки бародари духтар ҳамроҳ бо шариконаш ӯро гаравгон гирифта, барои халосияш аз наздикони ӯ 5 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намудаанд.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки ин ҷавонон ҳангоми гирифтани 2000 доллари амрикоӣ боздошт шуда, феълан таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.