IRS (Инноватив Роуд Солюшнз) соҳиб дорад?
Ҳар вақте майли сафар ба вилояти Суғд мекунам ва аз роҳи «Душанбе-Чаноқ» мегузарам, диламро сиёҳӣ пахш мекунад. Сиёҳӣ на ба он сабаб, ки ба ширкати «бритониёӣ»-и марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин роҳ маблағи ҳангуфт пардохт менамоям. Сиёҳӣ барои он пахш мекунад, ки роҳи мазкур на танҳо ба ҳеҷ стандарти роҳҳои байналхалқӣ посухгӯ нест, балки ба талаботи одитарини меъёрҳои роҳдорӣ ҷавоб намедиҳад. Ронанда маҷбур аст, барои роҳе пул супорад, ки амнияти ӯ ва мусофиронаш дар ин роҳ таъмин нест.
Як рӯз қабл аз иди Ваҳдати имсола, соати 5-и бегоҳ аз Душанбе баромада, ба таксие нишастам ва ба самти ноҳияи Айнӣ ҳаракат кардем. Баъд аз интизориҳои зиёд дар бунгоҳи пулчинии нахустини "Innovative Road Solutions" (IRS) бо номи «Варзоб», ки садҳо мошин аз ду самт дар чор қатор навбат истода, мунтазири пулсупорӣ буданд, аз плаза гузаштем. Ростӣ, ба пулчинии ширкат ҳаваси кас мерафт. Дар Тоҷикистон ҳатто дар назди бонкҳо мардум чунин навбат намепоянд, вале барои ба ширкате, ки масъулияти хизматрасонии худро дар роҳ ба таври бояду шояд иҷро намекунад, ин қадар навбат истода, маҷбуран пул месупориданд. Маҷбур барои он ки ронандаҳо ҷуз супоридани пул чораи дигар надоранд. Агарчӣ Сарқонуни кишвар «ҳаракати озоди шаҳрвандонро аз як самт ба самти дигар кафолат медиҳад», ин роҳ бар хилофи талаботи Сарқонун ба ҳар гуна ҳаракати ройгони шаҳрвандон ба самти Хуҷанд монеаъ эҷод мекунад.
Дар плазаи Ҳушёрӣ моро навбатпоии наве интизор буд. Ҳама мошинҳои аз плазаи Варзоб гузашта, дар плазаи Ҳушёрӣ ҷамъ омада буданду роҳро баста буданд. Баъд аз фаромадан аз мошин ва ба плаза наздик шудан маълум шуд, ки мошине дар назди плазаи Ҳушёрӣ вайрон шудаасту бо ҳамин ҳаракати нақлиёт аз самти Душанбе ба Хуҷанд тамоман қатъ шудааст. Ширкати "Innovative Road Solutions" (IRS) бо ин қадар бузургӣ наметавонист, ки мошини мазкурро кашола карда, ба як тараф гирад, то ба ҳаракати нақлиёт монеа эҷод накунад ва на маркази хизматрасоние дошт, ки нақлиёти вайроншударо ба зудӣ таъмир намуда, роҳро озод намояд. Баъд аз норозигиҳо ва интизориҳои зиёд ва пурра баста шудани роҳ аз ҳар ду тараф намояндаҳои ширкат маҷбур шуданд, ки мошинҳои аз самти Хуҷанд ояндаро боздошта, мошинҳои сабукрави аз самти Душанбе ҳаракаткунандаро ба воситаи ҳамон як гузаргоҳ сар диҳанд ва пеши роҳро каме ҳам бошад озод кунанд. Садои баланди сигнали мошинҳо на танҳо мо, ҳатто сокинони деҳаи Ҳушёриро ба дод оварда буд ва ронандагон ҳар замон бо суханҳои қабеҳ муассисони IRS-ро ҳаққорат медоданд, ки бо вуҷуди ситонидани маблағҳои ҳангуфт боз дар роҳ вақти зиёди ронандагонро мегиранд, вале касе ба доди ронандагону мусофирон намерасад.
Баъд аз ҳаракат ва гузаштани аз плазаи сеюми IRS бо номи Майхӯра дарёфтем, ки ин интизориҳо ва асабишавиҳои мо ҳанӯз хотима наёфтааст. Дар роҳи вайрону кайҳо фарсудадашуда, ки роҳҳои қӯҳии дурдасти кӯҳистонро ба хотир меоварданд, даҳҳо мошин дармонда ҳаракати нақлиётро душвор карда буданд. Мо низ бо душворӣ аз вайронкадаҳои IRS гузашта ба тарозуи он, ки дар наздикии нақби Истиқлол воқеъ аст, расидем. Дар ин ҷо ҳаракати нақлиёти калонҳаҷм тамоман қатъ гадида буд ва қатори мошинҳои дар тарозу навбат истода, ҳатто дар дохили галерея ҳаракатро танҳо аз аз як тараф имконпазир менамуд. Аз тарозу то нақб имкони аз ду тараф ҳаракат намудани мошинҳо умуман вуҷуд надошт ва ҳаркати яктарафа низ танҳои барои мошинҳои сабукрав имконпазир буд, ки он низ бо душворӣ сурат мегирифт. На ягон нафар корманди БДА-ро дидан мумкин буд, ки ҳаракати нақлиётро ба танзим дарорад ва на ягон нафар корманди IRS кӯшиши озод намудани роҳро аз мошинҳои гаронвазн мекард. Аз чунин амал ҳар бинанда ба хулосае меомад, ки ин роҳи пулакӣ воқеан бесоҳиб аст ва ё агар соҳибе дошта бошад ҳам вазифааш ҷуз пулситонӣ чизи дигаре нест.
“ҒОРИ ЭРОНИҲО”, ДУД ВА ПРОБКА
Бо хеле душворӣ ниҳоят ба нақби торики Истиқлол ворид шудем. Аз пеш ҳаракати ҳеч нақлиёте ба назар намерасид. “Ғори эрониҳо” чунон аз дуди мошинҳо торик шуда буд, ки ҳатто чароғакҳои зиддитуманӣ ҳам кумак намекарданд, то ронанда пеши роҳи худро дида тавонад. Баъд аз тақрибан 15 дақиқаи ҳаракат, ки бо хеле душворӣ сурат гирифт, ба ҷое расидем, ки корвони мошинҳо истода буданду ҳаракат дар дохили нақб пурра қатъ шуда буд. Маълум шуд, ки бинобар корҳои таъмирӣ ва танг шудани нақб мошинҳо аз ҳарду самт дар нақб дар мондаанд. Агарчӣ нафаскашӣ то рафт душвор мешуд, вале имкони ба ақиб баргаштан набуд, вагарна ҳатман бармегаштем. Даҳону биниро бо латтаҳо баста ронандагон худ бо овози баланд, ба якдигар садо баланд карда, кӯшиши озод намудани роҳро мекарданд.
Бо душвориҳои зиёд ҳаракати нақлиётро дар дохили нақб худи ронандагон ба самти Душанбе кушода, мусофиреро пиёда ба беруни нақб фиристоданд, то мошинҳои аз самти Хуҷанд омадаро дар берун аз нақб дошта, мошинҳои дар дохил дар муҳосираи дуд мондаро берун оранд. Танҳо чунин иқдом имконият дод, ки баъд аз 40 дақиқаи нафаскашии дуди ғализ ниҳоят соати 7-40 мо аз нақб берун омадем ва роҳҳои кандаву мумфаршнашударо тай намуда, ба Такфон расидем. Азияти кӯдакон, тифлон ва калонсолонро дида, ҳар бинада ба ҳоли онҳо раҳм мекард, ҷуз IRS, ки вазифаи ситонидани пулро дар ин роҳ ба дӯш дошт. "Innovative Road Solutions" (IRS) на ба кӯдакон раҳм дошту на ба занону пиронсолони ин роҳ. Чунин рафтори ширкат ва хизматрасониашро дида аксари ронандагону мусофирон мегуфтанд: “Ин беэҳтиромии ширкати IRS ба халқ аст ва ба қонун”.
Воқеан, онҳое, ки ин ҳарфҳоро мегуфтанд ҳақ ҳам буданд. Магар ширкате, ки ҳама қонугузориҳои Тоҷикистонро поймол карда, вазифаи худро, ки таъмини ҳаракати 24-соатаи нақлиёт аст, ҳатто дар фасли тобистон иҷро карда наметавонад, беэхтиромӣ ба халқ, ба қонун нест? Ба фикри ман, ин на танҳо беэҳтиромӣ, балки таҳқири халқ аст. Магар ширкате, ки бо баҳонаи баркашидани бор ҳаракати нақлиётро дар роҳи пулакӣ номумкин гардонида, боиси азобу уқубати аҳолӣ гардидааст, ин рафтораш таҳқири мардум нест? Бемасъулиятии ширкат ба он дараҷае расидааст, ки мо 80 км роҳи пулакиро дар фасли тобистон дар сеюним соат тай намудем, ин магар таҳқир нест?
Рузи 28-ум бегоҳ мо боз тариқи ин роҳ ба Душанбе баргаштем. Ҳодиса дар нақб ва берун аз он дар атрофи тарозуи ширкат боз чуноне буд, ки ду рӯз пеш дида будем.
ВАЗИР БЕХАБАР АСТ..?
Одам ин ҳама беадолативу беқонуниҳоро дида ба худ суоле медиҳад: Чаро мансабдорони мо ин ҳама беадолатиро дида боз ҳам аз хизматрасониҳои ширкат изҳори қаноатмандӣ мекунанд? Масалан, дар нишасти матбуотие, ки моҳи январ баргузор гардида буд, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Асозода, аз фаъолияти ширкати IRS дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд, изҳори қаноатмандӣ карда буд. Вале баъд аз дидани аҳволи ин роҳ ба хулосае омадем, ки вазири нақлиёт аз ин роҳ боре ҳам дидан накардаанд, вагарна чунин изҳори қаноатмандӣ намекарданд. Мӯҳтарам Асозода инчунин изҳор дошта буданд, ки «тарозуи IRS-ро бинобар дар ҷойи нодуруст гузошта шуданаш ва ба ҳаракати нақлиёт монеаъ эҷод карданаш, аз он ҷо мекӯчонем». Ин ҳақиқат буд ва ё гурез аз суоли хабарнигорон намедонам. Вале вақт нишон медиҳад, ки тарозу ҳанӯз побарҷосту боиси баста шудани роҳ ва сарсониву оворагии мусофирон гардида истодааст. Вақте дар ин бора мо аз як нафар корманди IRS пурсон шудем мавсуф дар сӯҳбати бидуни микрофон бе овардани номаш изҳор дошт, ки «ширкати "Innovative Road Solutions" (IRS) ба Вазорати нақлиёт итоат намекунад ва чун ширкати хориҷӣ танҳо тибқи устав ва лоиҳаи худ амал мекунад».
Пас, чаро вазир дурӯғ гуфтанд. Оё осонтар набуд, ки ҷавоб диҳанд, ки ин ширкат мустақил аст.
МАСЪУЛОНИ БЕМАСЪУЛИЯТИ IRS
Аз ронанадае пурсидам, ки оё маблағе, ки барои ин роҳ месупорӣ, маблағи зиёд нест? Мавсуф посух дод, ки «мо аллакай ба супоридани пул ба ин ширкати соҳибаш номаълум одат кардем, ҳарчӣ пурсанд садқаи сар мегӯему медиҳем, вале чаро онҳое, ки ин маблағро мегиранд, масъулияти ба дӯш гирифтаи худро вобаста ба таъмир ва таъмини бехатарии мо иҷро намекунанд?»
Дар плазаи Майхӯра 28 июн соати 18:04 мо 50 сомониро дароз карда, 35 сомонӣ бақия гирифтем. Вале дар чиптаи гирифтаи мо таҳти рақами (С) 06672012 нарх 14.20 нишон дода шуда буд. Маълум шуд, масъулин 80 дирами ронандаро ба ҷайби худ задаанд. Ронандаи мо аз пулчинак талаб кард, ки барояш серун (овежител) диҳад. Ӯ гуфт, ки надорем, ҳол он ки вақте чунин маблағҳои беинсофона меситонанд, аққалан бар ивазаш ба ронанда ҳам чизе бояд диҳанд, ё на?
Хонуми куҳансоле, ки ҳамроҳи мо сафар дошт ва дар роҳ ҳам худаш ва ҳам наберааш хеле азоб кашиданд даст ба дуо бурда ба сӯи пулгирандаҳо гуфт: -Пули гирифтаатон заҳри баданатон шавад. Ин пулҳо ба роҳбарияти ширкататон насиб накунад.
Мо низ беихтиёр омин гуфтем.
Хотиррасон мекунем, ки ширкати "Innovative Road Solutions" (IRS) ҳанӯз 31 – марти соли 2009 фаъолияти худро дар роҳи Душанбе-Чаноқ оғоз намуда, дар аввал худро бритониёӣ муаррифӣ намуда буд. Вале баъдтар сафири Бритониё дар Тоҷикистон бритониёӣ будани онро рад намуда, изҳор дошт, ки ширкати мазкур ҳеҷ иртиботе ба Бритониё надорад ва он ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ дорад. Коршиносон онро ба мансабдорони баландпояи кишвар нисбат медиҳанд. Ҳарчӣ набошад то ба имрӯз соҳиби онро касе намедонад.
ПЕШНИҲОД БА РАИСИ БДА
Ба назари банда таъмини бехатарии роҳ яке аз самтҳои асосии кори БДА аст ва маълум аст, ки ширкати "Innovative Road Solutions" (IRS)- аз ӯҳдаи таъмини амнияти ҳаракат дар роҳ намебарояд. Воқеан, ширкати IRS чӣ гуна тавонад амнияти нақлиётро дар ағбаи Майхӯра таъмин намояд, вақте худ боиси ин ҳама бенизомӣ гардидааст? Ба ин хотир ба Сардори БДА-и Ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Саидов муроҷиат намуда, аз эшон хоҳиш менамоям, ки ҳатман дар ду тарафи нақби Истиқлол, бахусус дар назди тарозуи IRS навбатдорони худро гузошта ҳаракати нақлиётро дар ин мавзеъ ба танзим дароранд ва амнияти ронандагону мусофиронро таъмин намоянд. Зеро медонам, ки муроҷиат ба раёсати ширкати IRS бефоида аст ва онҳо ба ҳеҷ пурсише посух нахоҳанд гуфт. Банда дар доираи тадқиқоти журналистие бо 20 савол ба Раиси ширкат муроҷиат намуда, аммо посухе нагирифта будам.
Холиқи МУҲАММАДНАЗАР