Таҷовузи духтари 16-сола аз сӯи бародараш дар Рашт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 16-сола ба иттиҳоми дастдарозӣ ба номуси хоҳараш хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, Н. Н. - сокини Рашт давоми беш аз як сол тариқи зӯроварӣ ба номуси хоҳари ноболиғаш дастдарозӣ кардааст.
“Номбурда дар давоми аз 1 ноябри соли 2012 то 15 декабри соли 2013 дар ҳавлии истиқоматиашон бо тариқи зӯроварӣ ба номуси хоҳари ноболиғаш Н.З., соли таваллудаш 1999 якчанд дафъа таҷовуз кардааст”,-омадааст дар хабари ВКД. Ба иттилои манбаъ, тафтиши ҳодиса идома дорад.
Баъд аз амри Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар дяк моҳи пеш мақомоти пулис ҳарчи бештар дар бораи ошкор шудани ҳолатҳои таҷовуз ба номуси ноболиғон, фоҳишагарӣ ва даллагию бадахлоқии сокинон хабар медиҳанд. Ҷаноби Раҳимзода рӯзи 5 июни соли ҷорӣ бо баргузории ҷаласаи фаврӣ аз афзоиши фоҳишагарию даллагӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ намуда, дастур дода буд, барои ҷилавгирии фаҳшу фасод рейдҳои махсус роҳандозӣ шаванд.
Танҳо баъд аз се рӯзи изҳороти вазири умури дохилӣ, мақомот эълон карданд, ки аз сӯи маъмурони пулис 505 фоҳиша ба мақомоти умури дохилӣ оварда шуда, аз ташхиси тиббӣ гузаронда шудаанд, ки аз ин ҳисоб чорсад нафарашон бемор будаанд.