“Devonagrad”-и Аниса Собирӣ: Чаро ба ин дунё омадам?
Аниса Собирӣ, шогирди нависандаи маъруфи тоҷик -- Темур Зулфиқоров, китоби аввалини худро бо номи “Devonagrad” пешкаши хонандагон мекунад. “Озодагон” дар мусоҳибаи кӯтоҳе, ки бо ӯ дошт, нахуст пурсид, чӣ гуна ба навиштани ин китоб рӯ овардааст?
Аниса Собирӣ: “Дар сенздаҳсолагӣ қалам ба даст гирифтам. То он вақт ба наққошӣ машғул будам, вале суолҳое азоб медод, ки сабаби қатъи рассомӣ ва шуруъ ба навиштанам шуд: Чаро ба ин дунё омадам? Инсон барои чӣ офарида шудааст? Мақсаду мазмуни ҳаёт дар чист? Бисёриҳо чунин мепиндоранд, ки ман, ҳамчун ҷинси латиф, бояд аз ишқу муҳаббат нависам, аммо чунин нест. Ман ягон байт дар бораи ишқ нанавиштаам. Албатта, ба мавзӯи муҳаббат дар насри худ даст мезанам, аммо он муҳаббат ба ҷаҳон, ба одамон, ишқи фалсафӣ аст, на муҳаббати миёни зану мард. Сари чопи китоб кайҳост фикр мекунам. Дар “Devonagrad” осори ман аз замони сенздаҳсолагиям то ҳол ҷамъ шудаанд. Дар аввал ба ман маслиҳат доданд онҳоро дар маҷаллаи “Помир” чоп кунам, аммо вақт нашуд. Сипас, устодам Темур Зулфиқоров гуфт, китоб зинаи аввалини нависанда аст, ки ӯро ба рушд раҳнамун месозад. Пас аз ин суҳбат бо устод, ман ба омодасозии китоб машғул шудам. Шахсе пайдо шуд, ки чопи онро датгирӣ кард”.
Озодагон: Номи китоб, “Devonagrad”, чи маъно дорад?
Аниса Собирӣ: “Худи номи “Devonagrad” кайҳо дар зеҳнам пайдо шуда, маънии “шаҳри девонагӣ”-ро дорад. Аммо он аз санскрит реша гирифта, маънии чуқуртар дорад: зебоӣ, ҳайрат, чизе беҳад зебо. Яъне, ин шаҳр як шаҳри девонагии одӣ набуда, балки девонагии руҳ аст, ки дар ҷустуҷӯи роҳи худ буда, аз пайдо кардани он наметарсад”.
Озодагон: Каме дар бораи муҳтавои китобатон нақл кунед.
Аниса Собирӣ: “Китоб аз маҷмӯи ашъор ва насри хурд, нақлҳою очеркҳо аз сафарҳои ман дар Тоҷикистон иборат аст. Сафар ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон ба ман нерӯи нав мебахшад. Елена Лоренс сабаб шуду ман куҳҳои Ватанро кашф кардам ва тавассути онҳо ҷаҳону табиатро беҳтар ҳис намудам, ки ин ҳама дар насрҳои хурдам тасвир шудаанд. Инчунин, маҷмӯаи “номаҳо ба дӯст” ҳаст, ки рӯзномаи мукотиба бо дӯсти руҳониям аст”.
Озодагон: Дар китоби худ Шумо бештар кадом масъалаю мушкилотро матраҳ кардаед?
Аниса Собирӣ: “Бахше аз навиштаҳо ба Маскав бахшида шудаанд. Аммо дар вақти зиндагӣ дар Маскав, ман дар бораи Ватан менавиштам. Дар бораи муҳоҷирон навиштаам. Ин масъала барои ман ҳамеша муҳим буд ва шояд ба ҳамин хотир ба Тоҷикистон баргаштам. Дар хориҷи кишвар нишаста, дар бораи мушкили марзу буми худ ҳар чиз гуфтан мумкин аст, аммо мардонагии ҳақиқӣ ин аст, ки ба Ватан баргардию дарду ранҷашро бо ӯ бикашӣ ва барои беҳбуди он кӯшише намоӣ. Ҳоло ман аз ин мавзӯъҳо каме дур шудаам, шояд ба он хотир ки як сол аст дар Ватанам. Вақте дар Русия будам, танҳо муҳоҷирон, оқсақолҳо, деҳаҳо маро ҷалб мекарданд. Аммо ҳоло бештар ба мавзӯъҳои фалсафӣ, ки эҷодиёти худро аз онҳо сар кардаам, рӯ овардам. Мушкилотро ҳал кардан мушкил аст, аммо оиди онҳо гуфтан лозим. Мо танҳо метавонем ба ҷомеаи шаҳрвандӣ барои андеша мавзуъ диҳем, то ҷомеа сари ҳалли мушкилот ақалан дар зеҳни худ фикр кунад”.
Озодагон: Чопи китоб кай дар назар аст?
Аниса Собирӣ: “Худи китоб пас аз як ҳафта чоп мешавад, аммо рӯнамоиаш дар оғози моҳи август ба нақша гирифта шудааст”.
Озодагон: Баъд аз чопу рӯнамоии китобатон чӣ нақшаҳо доред?
Аниса Собирӣ: “Ба хулосае омадам, ки ба таври комил ба эҷодиёт дода шуда, дар ин росто рушд кунам, чун ҳар шуғли дигар вақти беҳад зиёдро металабад. Мехоҳам ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, оиди ҳаёти одамон нависам. Мехоҳам ба навиштани романҳо сар кунам. Дар Тоҷикистон адабиёти русии маҳз ҳамин раванд намерасад. Дар адабиёти тоҷикӣ романистика ҳаст, агарчӣ кам, аммо маҳз романистика руҳияи миллатро тасвир карда метавонад”.