Дар Ироқ намояндаи сунниҳо раиси парлумон интихоб шуд
Салим Ҷабурӣ, сиёсатмадори суннии Ироқ бо ба даст овардани аксари оро раиси нави парлумони ин кишвар интихоб шуд. Бар асоси манобеи хабарии ин кишвар, Ҷабурӣ тавонистааст, аз 273 раъй 194 тоашро соҳиб шавад.
Ҷабурӣ 43 сол дошта, дар шаҳри Диёлаи Ироқ ба дунё омадааст. Ӯ муовини дабири кулли Ҳизби исломии кишвараш буда, унвони докторӣ дорад. Номзадии ӯ ба ин мақом аз сӯи Шӯрои намояндагон, бузургтарин гурӯҳи намояндагони суннии маҷлис пешниҳод шуда буд.
Бар асоси тавофуқоти сиёсӣ дар Ироқ, нахуствазир аз намояндаи аҳли ташайюъ, раиси парлумон аз сунниҳо ва раисиҷумҳур аз курдҳо интихоб хоҳад шуд. Тибқи қонунгузории ин кишвар раисиҷумҳур низ баъд аз як моҳ аз рӯзи нахустин ҷаласаи парлумонӣ интихоб хоҳад шуд. Аввалин ҷаласаи парлумони Ироқ ибтидои моҳи июли соли ҷорӣ баргузор шуда, бидуни натиҷа поён ёфта буд.
Коршиносон ва таҳлилгарони масоили Ироқ мегӯянд, баргузида шудани Ҷабурӣ ба ин мақом ба эҳтимоли зиёд аввалин гом барои поён додан ба бунбасти сиёсӣ дар ин кишвар хоҳад шуд.