Ин бор низ Рустами Эмомалӣ ба пеши хабарнигорон наомад
Рустами Эмомалӣ, раиси Хадамоти гумрук ва писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон, баъд аз ҳафт моҳи таъин шуданаш ба ин мақоми муҳим низ бо хабарнигорон рӯ ба рӯ нашуд. Дар нишасти матбуотии Хадамоти гумрук, ки субҳи 16 июл баргузор гардид, асосан Неъмат Раҳматов ва Нуриддин Маҳмадов, муовинони Рустами Эмомалӣ, ба саволи хабарнигорон посух доданд.
Аз ҷумла, онҳо дар ҷавоб ба ин суол, ки чаро Рустами Эмомалӣ дар нишасти хабарӣ иштирок надорад, гуфтанд, ӯ дар рухсатии меҳнатист. "Барои ҳамин, ӯ натавонист дар ин ҷо бо Шумо рӯ ба рӯ шавад. Вагарна, омодааст аз кори Хадамот натиҷагирӣ ва ба суолҳо посух гӯяд",-афзуд Неъмат Раҳматов.
Писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон 30 ноябри соли гузашта раҳбари Хадамоти гумруки кишвар таъин гардида, дар ин мақом Гурез Зариповро иваз карда буд. Ӯ то омаданаш ба ин мақом ба ҳайси муовини раиси Хадамоти гумрук фаъолият дошт.
Рустами Эмомалӣ, ки 27 сол дорад ва дар ҳоли ҳозир ҷавонтарин соҳибмансаби тоҷик дониста мешавад, тақрибан шаш соли охир дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Вай бахши иқтисодии Донишгоҳи миллиро хатм карда, корро аз Кумитаи сармоягузорӣ оғоз намудааст. Соли 2009 дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонон ба ҳайси муовини раиси ин созмон ва соли 2011 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид. Рустами Эмомалӣ яке аз муассисони клуби футболи "Истиқлол" аст.
Вай фарзанди дувуми президенти Тоҷикистон аст, ки мақоми расмӣ дорад. Озодаи Раҳмон, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло муовини аввали вазири умури хориҷист. Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад, соҳиби 9 фарзанд - 7 духтар ва 2 писар – мебошад.