Дар шаҳри Краснодари Русия ҳам 20-солагии истиқлоли Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд.
Тавре Бахтиёр Ширинов, як масъули диаспораи тоҷикони ин минтақа зимни як сӯҳбати телефонӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, зимнан дар доираи ин маросим як қатор чорабиниҳои идона сурат гирифта, аксари ҳамватанони муҳоҷири мо дар он ширкат доштанд. Гуфтанист, тарҳи мазкур бо ибтикори созмони ҷамъиятии «Мадад» - и Краснодар роҳандозӣ гардида, мусобиқаи волейболбозону гӯштингирон низ ташкил гардид, ки дар он ҳам намояндагони кишвари мо ва ҳам ҷамъиятҳои миллии Ӯзбакистону Қирғизистон иштирок доштанд.
Манбаъ афзуд, дар ҷараёни ин чорабиниҳо ҳамойиши вижа бахшида ба рӯзи истиқлоли тоҷикон баргузор шуд. Сарвари созмони «Мадад» Нағзибек Нағзибеков зимни суханрониаш аз натиҷаи кори ташкилот ва диаспораҳои тоҷикон ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимият, рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикони қисмати ҷанубии Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиати онҳо ибрози андеша кард.{jathumbnail off}