Талоши Миср барои эълони оташбас миёни Исроилу Фаластин
Миср тарҳеро барои оташбас миёни Фаластин ва Исроил пешниҳод кардааст, ки ба эҳтимоли зиёд аз субҳи 15 июл тадбиқ шавад.
Ба иттилои расонаҳои арабзабон, мақомоти мисрӣ ин тарҳи худро ҳангоми тамоси телефони бо ҳамтоёни исроилию фаластинӣ ба миён гузоштааст. Бар асоси ин пешниҳод, бояд ҳамлаҳои низомии неруҳои Исроилу Фаластин аз тариқи заминию ҳавоӣ ва ҳар гуна иқдоми бадбинӣ нисбати якдигар қатъ карда шавад. Бар иловаи ин Исроил бояд аз амалиётҳои ишғолгаронаи худ алайҳи навори Ғазза даст бардорад.
Инчунин таъкид шудааст, ки бояд тамоми гузаргоҳҳои марзӣ боз ва ба рафтуои сокинону содирот ва воридоти мол аз ду ҷониб маҳдудият эҷод нашавад. Оташбасе, ки бо ташаббуси Қоҳира миёни Фаластин ва Исроил сурат мегирад, аз соати 6 субҳи 15 июл оғоз шуда, ҳар ду ҷониб барои риояи он дар давоми 12 соати баъд аз эълон пойбанд мебошанд.
Мақомоти мисрӣ мегӯянд, бар асоси тарҳи пешниҳод намудаи худ, онҳо тайи 48 соат аз замони эълони оташбас бо ҳайатҳои баландпояи Фаластину Исроил дар шаҳри Қоҳира мулоқот ва ба хотири такмилу устувор намудани ин тарҳ гуфтугӯ хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, Ҳаракати муқовимати исломӣ "Ҳамос" таъкид кардааст, дар сурате оташбасро эътироф мекунад, ки Исроил бар иловаи қатъи ҳамлаҳои худ аз иқдомҳои ишғолгаронаи худ даст бардораду ба рафтуои сокинони навори Ғазза маҳдудият эҷод накунад: "Танҳо оромӣ наметавонад, кифоя бошад."
Ҳамлаҳои хунини Исроил ибтидои дар ҳоле ба навори Ғазза шуруъ гардид, ки се тан аз ҷавонони исроилӣ рӯзи 12 июни соли ҷорӣ аз сӯи афроди номаълум дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун рабуда шуда, ҷасади онҳо баъд аз чанд рӯз пайдо гардид. Мақомоти қудратии Исроил дар ин қазия Ҳаракати Ҳамосро муттаҳам карда, садҳо тан аз фаъолони вобаста ба онро боздошт кардааст. Дар ҳоле, ки рӯзи 3 июли соли ҷорӣ низ як ҷавони фаластинӣ дар Каронаи бохтарӣ рабуда шуда, баъдан ҷасадашро пайдо карданд.
Дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба ин минтақаи анклавии Фаластин наздикии 200 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1 ҳазору 300 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ба қавли манобеи хабарӣ, шумораи зиёди қурбониёнро кудакон ва пиронсолон ташкил медиҳанд.
Навори Ғазза дар канори баҳри Миёназамин дар Ховари Миёна ҷойгир буда, аз қисмати ҷанубу ғарб бо Миср ва аз тарафи шимолу шарқ бо Исроил ҳаммарз аст. Масоҳати умумии он 360 километри квадратиро ташкил дода, ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Беш аз 99 дарсади сокинони навори Ғаззаро мусулмонон ва 1%-и онро ақаллияти масеҳиёни фаластинӣ ташкил медиҳад.