ВКД шикояти 84%-и шаҳрвандонро аз қонуншиканиҳои пулис беасос хонд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи аввали соли равон 165 шикояти шаҳрвандони кишвар аз болои маъмурини пулис ба суроғаи вазир, Рамазон Раҳимзода ворид шудаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод аз 165 шикояти воридшуда, барои сари вақт омода ва пешниҳод накардани шиноснома – 15 ҳолат, бе асос тартиб додани протокол дар бораи вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳ – 66 ҳолат, бе асос даъват намудан ба назди корманди милитсия – 10 ҳолат, оиди дағалии кормандон – 29 ҳолат ва аз тарафи кормандон нишон додани зӯроварӣ – 21 ҳолат рост меоянд.
Манбаъ мегӯяд, аз ҷумла дар 24 ҳолат шаҳрвандон аз муносибати дағал ва ғайриоинномавии нозирони роҳ шикоят кардаанд: “Нисбати 10 нафари онҳо ҷазоҳои сахти интизомӣ андешида шуда, боқимонда дар назди роҳбарият ё ҳайати шахсӣ мавриди муҳокима қарор дода шудаанд.”
Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки дар маҷмуъ санҷишҳо нишон доданд, ки шаҳрвандон аксаран аз болои кормандони пулис беасос шикоят мекунанд ва далел меоранд, ки аз 165 шикояти воридшуда 138 ададашон беасос баромаданд.