Манбаъ ҳамчунин афзуд, феълан шумори сокиноне, ки дар чунин вазъи ваҳим ба сар мебаранд, дар қиёс ба солҳои пешин хеле зиёд аст. Дар ҳамин ҳол, арзиши хонаҳои истиқоматӣ дар пойтахти вилояти Суғд боло рафта, айни замон нархи хонаи якутоқа баробар ба 12, 14 ва қимати хонаи ду ҳуҷрадор ба 18 , 20 ҳазор долларри амрикоӣ баробар шудааст.
Коршиносон мегӯянд, чунин омил, яъне дар шароити танги манзил ба сар бурдани чанд оила аз сабабҳои аслии ба вуҷуд омадани хушунати хонаводагӣ маҳсуб мегардад, ки дар аксари маврид ба азҳампошии оилаҳо оварда мерасонад.