Чин боз садҳо миллион $ ваъда кард: Раҳмон гуфт, мо меомӯзем...
Ширкати “Чунтай-Шоҳроҳи нави абрешим”, ки асосан ба сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзии ноҳияи Шинҷони Чин машғул аст, пешниҳод намудааст, ки ба соҳаи пахтакории Тоҷикистон то 200 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кунад.
Ин нуқта имрӯз, 14-уми июл дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мушовири калони ин ширкати чинӣ Ли Ян Ҷе таъкид шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Ли Ян Ҷе дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки онҳо тасмим доранд дар Тоҷикистон истеҳсоли пахтаро бо истифода аз технологияҳои навтарини ҷаҳон дар ҳамкорӣ бо деҳқонону мутахассисони тоҷик ба роҳ монда, барои коркарди то 15 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр корхонаҳои гуногуни саноатӣ бунёд намоянд: “Тибқи нақша онҳо ният доранд, ки оянда бо маҳсулоти тайёр натанҳо бозори дохилии Тоҷикистонро таъмин кунанд, балки содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.”
Ба иттилои манбаъ дар давраи аввал бо ҷалби беш аз 120 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим зиёда аз 6 ҳазор ҷойи корӣ бунёд меёбад: “Дар оянда ҳаҷми сармоя то 200 миллион доллари амрикоӣ ва шумораи ҷойҳои корӣ то ба 15 ҳазор бояд расонда мешавад.”
Дар посух Эмомалӣ Раҳмон аз пешниҳодҳои ирокардаи чиниҳо хуш пазироӣ намуда, таъкид доштааст, ки барои қабули тасмими ниҳоӣ нақшаю барномаҳои ҳамкорӣ бояд ҳамаҷониба омӯхта шаванд.