Зокиров: Баҳс бо Қирғизистон танҳо дар сурате ҳал мешавад, ки...
Маҳмадтоир Зокиров, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон мегӯяд, баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон танҳо дар сурате ҳал мешаванд, ки ҷонибҳо пешниҳодҳои тарафайнро қабул кунанд.
Зокиров, имрӯз, 14-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки агар пешниҳодҳои тарафайн дар бораи сохтмони роҳҳои наздимарзӣ қабул гарданд, баҳсҳо ҳал мегарданд. Ӯ таъкид намуд, ки дар гузашта “Ворух” ягон вақт анклав набуд, “роҳҳо аз замони шӯравӣ буданд ва ҳеч гуна роҳи алтернативӣ лозим нест."
Раиси Кумитаи идораи замини Тоҷикистон дар шарҳи ҳушдори ахири Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон, ки ахиран гуфт онҳо роҳи алтернативӣ доранду Ворух метавонад аз роҳ маҳрум гардад, афзуд, ки чунин суханҳо ба нафъи кор нестанду дар гуфтушунидҳои гуруҳи кории тарафайн садо надодаанд.
Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон, ки ҳайати кишварашро дар баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, гуфтааст, гӯиё роҳи алтернавтивии Оқсой – Тамдиқ вуҷуд дорад, ки ба пуррагӣ аз қаламрави кишвараш мегузарад. “Агар ҷониби Тоҷикистон баҳси роҳи Оқсой – Тамдиқро аз ҳад зиёд дароз кунанд, мо интизорӣ намекашему онро тавассути қаламрави худ месозему барои сокинон роҳе аз Бодканд то Оқсой бунёд хоҳем кард. Аммо дар ин сурат, Ворух бероҳ хоҳад монд”,-афзудааст Маматалиев
Сохтмони роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқи Қирғизистон, ки ҳамеша баҳонаи таниши марзӣ миёни ду кишвар мешавад, қисмати асосии он аз қаламрави баҳсбарангези миёни Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад.