Дуои Эшони Маҳмудҷон барои шикасти исроилиҳо ва озодии мардуми Фаластин
Эшони Маҳмудҷон, рӯҳонии шинохтаи Тоҷикистон, бо нашри як видеои кӯтоҳ ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ болои мардуми Ғаззаро маҳкум карда, аз сокинони мусалмон хостааст, барои озодии Фаластин дуо кунанд. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, моҳи мубораки Рамазон лаҳзаи иҷобати дуоҳост.
“Яке аз вижагиҳои моҳи Рамазон қабули дуоҳост. Ҳама бо ҳам дуо кунем, то Худованд нооромиҳое, ки дар кишварҳои исломӣ сурат гирифтаанд, алалхусус, таҷовузе ки бар хоки бародарони мустазаъфи мо дар Фаластин ҷараён дорад, куштори бераҳмонаи саҳюнистҳо, ҳарчи зудтар ба нафъи Ислом, сарфарозию пирӯзии мусалмонон, шикасту расвоии душманон ва суқуту нобудии ҳукумати золимону таҷовузгарон хотима бахшад”,-таъкид кардааст Эшони Маҳмудҷон.
Дар идома ин рӯҳонии тоҷик афзудааст, “Парвардигор ин моҳи муборкро он чунон ки дар садри Ислом, дар асри пайғамбари Худо моҳи нусрат, моҳи фатҳу пирӯзӣ бигардонид, барои ҷаҳони Ислом, хусусан бародарони мусалмони мо дар Фаластин ва озодии Қудси шариф аз дасти саҳюнистҳои мутаҷовиз бигардонад. Омин.”