Ҷаримабандии Ҳомиев барои дузанагӣ дар Нуробод
Додгоҳи Нуробод Шарафидин Ҳомиев, сокини 35 солаи ин ноҳияро барои дузанагӣ 4 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Тибқи иттилоияи ин додгоҳ, зимни мурофиа тамоми далелҳо пешниҳод шуданд, ки Ҳомиев соҳиби 5 фарзанд буда, ҳамзамон бо ду зан зиндагӣ мекардааст.
Ба иттилои манбаъ тибқи қонунгузории Тоҷикистон, аз ҷумла моддаи 170-и Кодекси ҷиноятӣ бо назардошти тамоми ҷанбаҳои қазия нисбати Ҳомиев ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо-муодили 4 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин шуд.