Боздошти шаҳрванди 47-солаи Ироқ дар Фархор
Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди 47-солаи Ироқ хабар доданд. Ба қавли онҳо, Абдулло ибн Аҳмад ал-Арабия ҳангоми убури марзи Тоҷикистон ба даст афтодааст.
“Рӯзи 13 июл ҳангоми гузарондани як амалиёт дар деҳаи Ғалабаи ноҳияи Фархор, байни минтақаҳои сарҳадии №2 ва №3-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулло ибн Аҳмад ал-Арабия дастгир шуд. Таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад”,-мегӯяд манбаъ.