Беш аз 88 ҳазор еврои ИА ба сокинони осебдидаи Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои 5 ҳазор сокини манотиқи селзадаии Тоҷикистон дар пайи боришоти зиёд ва омадани сел дар соли ҷорӣ беш аз 88 ҳазор евро кумак намуд.
Намояндагии ИА дар Душанбе хабар медиҳад, Кумисюни ин иттиҳод оид ба кӯмакҳои башардӯстона бо дархости Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба фонди ҳолатҳои фавқулодаи созмони мазкур 88 ҳазору 871 евроро ҷудо кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Тоҷикистон вазифадор шудааст, бо ин маблағ сокинони зарардидаро бо либосу, кӯрпача, бастачаҳои беҳдоштӣ ва асбобҳои пухтупаз таъмин намояд.