Дар пасманзари тирпаронии 10 июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки боиси марги як нафар ва ҷароҳати чанд сокини ҷамоати Ворухи Исфара гардид, хабаргузории “24.kg” аз сиёсатшиносону коршиносон роҳи ҳалли баҳси марзӣ миёни Душанбею Бишкекро пурсидааст.
Алмосбек БААТРИБЕКОВ, раҳбари Кумитаи парлумони Қирғизистон оид ба амният ва дифоъ:
“Сарҳад ин ҳамеша макони бархӯрди манофеи ду кишвар аст. Бинобар ин, зарур аст, то баҳсҳои марзиро ҷонибҳо ва роҳи музокирот ҳал кунанд. Роҳи дигар нест.”
Марс СОЛИЕВ, сиёсатшинос:
“Фикр мекунам, задухӯрдҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тарҳи хориҷист, ки аз як тараф алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон равона шудаанд ва аз тарафи дигар ин талошҳо барои кушодани як ҷабҳаи нав алайҳи Русия дар Осиёи Марказӣ мебошанд. Бинобар ин, Маскав низ бояд бетараф набошад.”
Равшан СОБИРОВ, роҳбари ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон, собиқ вазири рушди иҷтимоии ин кишвар:
“Тамоми танишҳо дар марз бояд тариқи гуфтушунид ҳал шаванд. Ҳамсоя доди Худост ва онро интихоб намекунанд. Тоҷикону қирғизҳо - мардуми бонанги куҳистонанд, ки аз қадим паҳлӯ ба паҳлӯи якдигар зиндагӣ карда, аз як дарё об хӯрдаанд. Дар моҳи шарифи Рамазон бояд таҳаммулгаро бошем ва ба иғво дода нашавем. Баҳсҳо бояд дар доираи гуфтушунид ва қонун ҳал шаванд.”
Дмитрий ОРЛОВ, коршинос:
“Барои ҳалли баҳсҳои марзӣ музокирачиёни хуб намерасанд. Ин ба ҳар ду тараф дахл дорад. Иштироки тарафи сеюм дар ин баҳсҳо метавонад мушкилзо бошад. Баҳс бояд танҳо миёни ду кишвар ҳал шавад.”
Тоқон МАМИТОВ, собиқ ноиби сарвазир ва вазири дифои Қирғизистон:
“Барои ман ҳамчун афсар аз нигоҳи этикӣ ва сиёсӣ дуруст нест, ки кори ҳукуматамонро баҳогузорӣ кунам. Маслиҳати ягонаи ман - ин истодагарӣ ва мубориза аст.”