Яке аз корбарони торнамои “Озодагон” бо ирсоли номае гуфтааст, аз онҳо хоҳиш шудааст, то фитри рӯзаашонро ба имоми деҳаи худ бидиҳанд. Ҳоло ин номаро нашр карда, аз Шумо мехоҳем, то назараи худро бигӯед ва ё бо чунин ҳол дучор омадаед, бинависед.
"Дар Тоҷикистон ҳама чиз сиёсӣ шудааст. Намозхониву муллову масҷиду мадраса ҳам қариб сиёсӣ шудаанд.
Акнун навбати фитри рӯза расидааст. Онро ҳам сиёсӣ карданиянд. Чанд рӯз пештар дар як деҳаи Файзобод мусофир шудам. Қабл аз намози таровеҳ раиси маҳалла эълон кард, ки тибқи амри ҳукумат ҳамаи сокинон бояд маблағи фитри рӯзаи худро ба домуллои деҳа бидиҳанд. Ӯ гуфт, дар маҷлиси ҳукумати ноҳия гуфтаанд, ки ин фармон аз “боло” аст.
“Фитри рӯза барои як нафар 4 сомонӣ муайян шудааст. Дар як оила агар 4 кас бошад, 16 сомонӣ мешавад”,-гуфт раиси маҳалла ва идома кард, домулло бояд як рӯйхат карда ҳамаи онҳоеро ки фитри рӯза медиҳанд, номнавис кунад: “Ҳама бояд фитри рӯзаро ба домулло бидиҳанд. Домулло рӯйхат карда ба ҷамоат мебарад. Дар маҷлиси ноҳия гуфтанд, ки ин маблағҳоро ҷамъ карда, дубора дар конвертҳо ба деҳаҳо бармегардонем”.
Ӯ гуфт, ки ҳар ҷамоат рӯйхати ниёзмандонро дорад ва маблағҳо баъди баргаштан бо конверт ба онҳо тақсим мешавад. Ростӣ гап, намедонам, ки ин амр дар ҳамаи ноҳияҳо бошад ё танҳо дар Файзобод, аммо ба гуфтаи раиси маҳалла, дар маҷлис гуфтаанд, ки дар ҳама ҷо чунин супориш шудааст.
Ба ақидаи ман ҳар шахс дар додани фитри рӯза соҳибихтиёр аст ва бояд худаш интихоб кунад, ки онро ба кӣ бидиҳад. Ӯ беҳтар медонад, ки кӣ ниёзманд аст. Дар болои ин домуллоҳо дигар кор надоранд, ки боз варақу қалам гирифта ба номнавису рӯйхат кардани одамон машғул мешаванд? Нашавад, ки фитри рӯза ҳам як усули кисапуркунӣ гардаду чанд нафар аз ин ҳисоб бедардимиён соҳиби пул шаванд?
Монед, ақаллан, мардум худаш интихоб кунад, ки фитри рӯзаро ба кӣ диҳад. Наход, шаҳрвандон барои ин кор ҳам ҳақ надошта бошанд?
Муродулло САЛИМОВ"