Абдураҳмон Маматалиев: “Ворух бе роҳ мемонад, агар...”
Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, ба ҳамагуна танишҳои марзӣ нигоҳ накарда, сохтмони роҳи баҳсбарангези Оқсой – Тамдиқро, ки қисмате аз он аз қаламрави Тоҷикистон убур мекунад, ба поён хоҳад расонд.
Қурбонбой Искандаров, намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон оид ба аломатгузории хатти марз гуфтааст, онҳо ҷониби Тоҷикистонро огоҳ кардаанд, ки бо вуҷуди ин ҳама тирпаронию танишҳои иғвогаронаи марзӣ сохтмонро идома медиҳанд. Искандаров таъкид кардааст, “ин роҳ сохта мешавад. Дар сурати анҷом наёфтани сохтмони он ин танишҳо боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, бояд онро созем.”
Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон, ки ҳайати кишварашро дар баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, гуфтааст, гӯиё роҳи алтернавтивии Оқсой – Тамдиқ вуҷуд дорад, ки ба пуррагӣ аз қаламрави кишвараш мегузарад. “Агар ҷониби Тоҷикистон баҳси роҳи Оқсой – Тамдиқро аз ҳад зиёд дароз кунанд, мо интизорӣ намекашему онро тавассути қаламрави худ месозему барои сокинон роҳе аз Бодканд то Оқсой бунёд хоҳем кард. Аммо дар ин сурат, Ворух бероҳ хоҳад монд”,-афзудааст Маматалиев
Сохтмони роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқи Қирғизистон, ки ҳамеша баҳонаи таниши марзӣ миёни ду кишвар мешавад, қисмати асосии он аз қаламрави баҳсбарангези миёни Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад.