Маркази савдои 40 миллион долларӣ дар Душанбе (АКСУ ВИДЕО)
То ду моҳи дигар дар Душанбе маркази нави тиҷорие ба фаъолият хоҳад пардохт, ки дар кӯчаи Меҳнати шаҳри Душанбе воқеъ буда, бо 194 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 40 миллион доллар, бунёд шудааст.
Муҳаммадӣ Саъдуллоев, як масъули Раёсати сохмони асосии Душанбе, дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, маблағи ин сохтмон аз буҷаи шаҳрдорӣ буда, сохтмонаш аз 6 марҳила иборат мебошад. “Ин маркази нави савдо дар масоҳати 16 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир буда, баробари ба кор шурӯъ кардан беш аз 900 нафарро бо ҷои кор таъмин хоҳад кард”,-афзуд ӯ.
Саид Икромов, директори ҶДММ “Строй-Комплекс”, ки аз рӯи шартномаи онҳо бо Раёсати сохмони асосии шаҳри Душанбе иншооти мазкур бояд то охири моҳи августи соли ҷорӣ супорида шавад, мегӯяд, “корҳои асосии бино ба итмом расида, корҳои васлкунии таҷҳизот ва рангу бораш мондааст”. Ба қавли Саид Икромов, дар кори сохтмони маркази тиҷорӣ зиёда аз 400 нафар кор карда, маошашон аз 2 ҳазор то 3 ҳазору 300 сомониро ташкил медодааст.
“Масолеҳи сохтмонӣ барои иншоот аз Туркия, Русия, Чин ва аз худи кишвар харидорӣ мешавад. Бинои асосии иншоот иборат аз се ошёна буда, инчунин, дар назди он як бинои якошёнаи дигари тобистона сохта мешавад, ки барои маҳсулоти тару тозаи тобистона, яъне савдои беруна нигаронда шудааст. Дар назди бино таваққуфгоҳи мошинҳои сабукрав ва боркаш ба истифода дода мешавад”,-илова кард Саид Икромов.