Олмон Аргентинаро шикаст дод ва қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон-2014 шуд
Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2014 қаҳрамони худро ёфт ва он ҳам мунтахаби Олмон.
Дар дидори финалӣ, ки ҳамин шаб дар варзишгоҳи “Маракана”-и Рио -де -Жанейро баргузор шуд, олмониҳо бар яккачини Аргентина дастболо шуда, унвони қаҳрамониро барои чор соли оянда ба худ ихтисос доданд. Қисмати асосии бозӣ ғолибро муайян накард. Қисмати аввали иловагӣ ҳам. Танҳо дар дақиқаи 113, ҳамлагари Олмон - Марио Гётсе ба дарвозаи ҳариф гол зад.
Ин сеюмин қувваозмоии тимҳои Олмону Аргентина дар Ҷоми ҷаҳон буд. Дар соли 1986 Олмон бо ҳисоби 2:3 аз Аргентина шикаст хурда, баъди чор сол, дар соли 1990 пирӯз шуд. Солҳои 2006 ва 2010 Олмон дар даври чорякниҳоӣ рақибашро шикаст дод.
Олмон барои бори чорум қаҳрамони ҷаҳон оид ба футбол мешавад. Аз ин пеш олмониҳо солҳои 1954 (дар Швейтсария), 1974 (дар Олмон) ва 1990 (дар Италия) қаҳрамон шуда буданд. Аргентина бошад, солҳои 1978 (дар Аргентина) ва 1986 (дар Мексика) соҳиби Ҷоми ҷаҳон шудааст.
Ҷоми ҷаҳонии футболро имсол Бразилия мизбонӣ кард, аммо ба дарёфти ҳеч ҷойи ифтихорие мушарраф нагардид. Дар дидори охираш бо тими Ҳоланд, ки барои мақоми сеюм мубориза бурданд, бо ҳисоби 3:0 мағлуб шуд.