Муфтӣ гуфт, ҷаннат арзон нест ва бо гап ба даст намеояд
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз сокинони кишвар даъват кард, дар моҳи Рамазон бештар ба кори хайру умури ибодат машғул бошанду даст аз тамошои филмҳо бардоранд.
Ӯ рӯзи 11 июл дар намози ҷумъа гуфт, “мутаассифона, бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон хариду фурӯши дискҳо афзоиш ёфта, бархеҳо аз субҳ то шом ба хотири гузарондани вақт кинову филмҳои силсилавӣ тамошо мекунанд, ки дар аксарияти онҳо на тарбияи руҳию на маънавӣ дида намешавад. Ҳатто бемаънигию расвогӣ низ дохили онҳо ҳаст.”
Раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид дошт, ин гуна рӯза рӯза нахоҳад буду инсони рӯзадор бояд вақти худро дар ин моҳ ғанимат дониста, ҳамеша бо ёди Парвардигор бошад ва ба қавли ӯ, танҳо рӯзае, ки дар он сухану кирдор ва рафтори бад дида намешавад, инсонро мисли тифлаки навзод аз гуноҳ пок мекунад. “Ҷаннат арзон нест, он бо суханҳои беҳудаву хушку холӣ ба даст намеояд. Ҷаннат гарон аст, чун ҷои қиммату макони роҳат аст. Барои ба даст овардани ҷаннат инсон бояд хеле заҳмату саъю талош кунад. Тавре медонем, модели охирони мошини “Мерседес” ба осонию арзонӣ ба даст намеояд. Маблағи зиёд бояд ҷамъ кунӣ, ки ин модели охиронро соҳиб шавӣ. Бо 5 ё 6 ҳазор чунин мошин, ки дар дохилаш роҳат мекунӣ, соҳиб шуда намешавад”,-таъкид дошт ӯ.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Бар асоси қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон субҳи 28 июн оғоз ва то 28 июл идома хоҳад ёфт. Тибқи тақвими ин ниҳод, мусулмонони Тоҷикистон дар шабонарӯз наздик ба 17 соат аз хӯрдану ошомидан худдорӣ мекунанд.