Раҳмон: Баҳси марзиро барои бадтар нашудани вазъ инъикос накардем
Раҳмон Асадулло, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон рӯзи 11-уми июл дар Душанбе далели инъикос нашудани баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистонро дар телевизионҳои давлатӣ шарҳ дод.
Ӯ изҳор дошт, ки баҳсҳои марзиро ба хотири ташаннуҷ наёфтани авзоъ инъикос накарданд: “Ба хотири халал ворид накардан ба раванди музокирот миёни Тоҷикистону Қирғизистон мо аз пахши иттилоъ дар пояи овозаю ҳангомаҳо худдорӣ кардем. Аммо барномаҳои фарҳангӣ дар мавриди ду миллати ҳаммарз, ки ба минтақаҳои якдигар мераванд, омода ва пахш мекардем.”
Дар мавриди тирпаронии 10-уми июл раиси Кумита афзуд, ки чун ин ҳодиса тасодуфӣ аст, хабарнигоронашон дар Суғд натавонистаанд, онро фавран инъикос намоянд.
Раҳмон Асадулло нақзи этикаи журналистиро зимни инъикоси боздошти Александр Содиқовро дар телевизиони Бадахшон низ рад кард: “Дар он наворе, ки тариқи телевизиони Бадахшон нашр шуда буд, Содиқов ҳамчун гунаҳкор нею гумонбар ба ҷосусӣ муаррифӣ шуда буд. Мунтазири хулосаи тафтишотем ва агар гуноҳи Александр Содиқов тасдиқ шавад, ӯро ҳатман тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ низ пахш мекунем.”
Раиси Кумитаи телевизион таъкид намуд, ки наворҳои таҳиякардаи мақомотро саривақт пахш мекунанд, то мардум огоҳ шаванд.