Парчами Шўрои миллии давраи гузариш (ШМДГ) - сиёҳ-сурх- сабз дар сафорати Либия дар шаҳри Маскав барафрошта шуд.
Дар ин бора маркази матбуотии сафорати Либия дар пойтахти Русия хабар дода гуфтааст, ки кормандони миссияи дипломатии Либия гузаришашонро ба тарафи ошўбгарон ба таври расмӣ изҳор кардаанд. Онҳо дар баёнияи худ аз ҷумла гуфтаанд, акнун фурсати «ба ҳам овардани нерўҳо, барои сохтани Либияи нави озоду демократӣ» фаро расидааст.
Феълан, шаҳравандони Либия, ки дар Маскав ба сар мебаранд, назди сафорати кишвари худ ҷамъ омада, нидоҳои «Барои Либияи ҷадид!, Зинда бод озодӣ, зинда бод демократия!» баланд мекунанд.{jathumbnail off}