АКС: "Хонаи харидаи духтари хурдии президент 56 миллион доллар нарх дорад"
Лола Каримова-Тиллоева, духтари хурдии Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон дар Калифорнияи Амрико манзиле харидааст, ки 58 миллион доллар нарх дорад. Дар ин бора торнамои “Ҳаракати мардумии Узбакистон” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин манзил аз маркази фитнес, ҳаммоми туркӣ бо утоқи алоҳида барои масҳ, ҳавзи шиноварии болопӯшида, меҳмонхона бо усули мароқандӣ, толори базм барои 200 нафар, таҳхона барои 10-12 мошин, кинотеатр, толори машқ ва чор боғча иборат аст.