Посухи Бишкек ба нотаи Душанбе: Шитоб накунед!
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ёддошт ё худ нотаи расмии Душанберо дар робита ба тирпаронии маргбори марзбонони қирғиз ба сӯи мардуми осоиштаи тоҷик шитобзадагӣ хонд.
Аскар Бешимов, муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон рӯзи 11 июл дар шарҳи тирпаронии 10-уми июл, ки боиси марги як ва ҷароҳати 7 шаҳрванди Тоҷикистон шуд, изҳор доштааст, ки “вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бидуни пешниҳоди далеле марзбонони қирғизро дар ин ҳодиса гунаҳкор ҳисобидааст.”
Муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон афзудааст, ки ин ниҳод низ дар навбати худ ба унвонии ВУХ-и Тоҷикистон нотаеро дар асоси далелҳои пешниҳоднамудаи мақомоти қудратии кишвараш фиристодааст: “Аз Тоҷикистон хоҳиш мекунем, зимни хулосабарориҳояш шитоб накунад.”
Рӯзи 10 июли соли ҷорӣ тақрибан соати 11-30 дар қаламрави “Ворух” дар марзи Исфараву Бодканд тирпаронӣ ба миён омада, як гуруҳи деҳқонони тоҷик ҳадафи тири марзбонони қирғиз қарор гирифтаанд. Дар пайи ин ҳодиса ба қавли табибони беморхонаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд Сафоуддин Шарофов, як сокини Ворух, ба ҳалокат расида, 7 тани дигар, аз ҷумла Ҳазрат Қозиев, Бахтовар Ҷурабекзода бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд.
Ба иттилои манбаи “Озодагон”, феълан вазъи саломатии Қозиеву Ҷурабекзода ва як сарбози Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон вазнин буда, дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд. Манбаъ таъкид намуд, ҳамаи маҷруҳшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, аз тир дар қисмати дасту пой ҷароҳат бардоштаанд.
Манобеи мо дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара гуфта буданд, низомиёни қирғиз дар маҳалли Бедак ба сӯи ин сокинони одии Тоҷикистон дар ҳоле тир кушодаанд, ки машғули таъмири қубури обгузар будаанд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баъди зуҳри 10 июл ба унвонии мақомоти қирғиз нота ирсол карда буд. Масъулони вазорат аз рухдоди ин ҳодиса изҳори нигаронӣ карда, гуфтаанд, “бояд қайд кард, аз ҷониби марзбонони тоҷик силоҳи оташфишон истифода нашуд”.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин тирпаронӣ “новобаста аз созишҳои чандинкарата оид ба ҳудудҳои мувофиқанашудаи сарҳадӣ ба вуқӯъ пайваст”. Аз ин рӯ, ҷониби Тоҷикистон “вобаста ба нақзи созишҳои номбурда аз тарафи мақомоти алоҳидаи Қирғизистон изҳори нигаронӣ менамояд”.