Рақиби мунтахаби Тоҷикистон сармураббияшро иваз кард
Тими миллии Малайзия оид ба футбол, ки қарор аст 8 август дар Душанбе бо мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстона анҷом диҳад, сармураббияшро иваз кардааст.
Курсии Онг Ким Сви акнун ба ихтиёри Долла Соллеҳ гузошта шуд. Анҷумани футболи Малайзия бо Соллеҳи 50-сола барои дуюним сол шартнома бастааст. Далели барканории сармураббии пешин бозии номуваффақи тими миллӣ дар даври интихобии Ҷоми Осиё-2015 гуфта мешавад. Малайзия бо Баҳрайн, Қатар ва Яман ҳамгуруҳ буда, билохира ҷои сеюмро гирифт.
Ёдовар мешавем, бозии дӯстонаи тимҳои Тоҷикистону Малайзия соати 18:00-и 8 август дар варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ оғоз мешавад.