Президент ба Салимзода: “Биё, назди додситонӣ рафта мебинем, кӣ бо кадом мошин ба кор меояд”
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо мақомоти қудратӣ (10 июл) фаъолияти Додситонии кулли кишварро интиқод карда, аз шиносбозию сарватхоҳии кормандони ин ниҳод шадидан нигаронӣ кард. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, агар кормандони мақомоти додситонӣ ҳадди ақал 80 дарсад вазифаи худро аз рӯи виҷдон адо кунанд, ин ҳама камбудҳои ҷомеа дубора такрор нахоҳад шуд.
Ӯ аз кормандони ин ниҳоди қудратии кишвар даъват кард, агар сарфаҳми камбуди ҷомеа намераванду дар бораи онҳо хабар надоранд, курсиҳои худро холӣ кунанд: “Барои чӣ як масъалаи заминсозӣ то имрӯз ҳал намешавад? Ҳазорҳо нафарро бурда маҳбас кардеду ҳазорҳо кудак ятим мондаанд. Ин ҳама барои он ки додситонӣ кор намекунад. Дигар ниҳодҳоро аз амният то дохилӣ кӣ бояд назорат кунад?! Ҳарчанд масъалаи коррупсияро бояд Оҷонсии зидди фасоди молӣ назорат кунад, аммо Шумо низ бояд бетараф набошед. Қонун ба Шумо иҷоза додааст, аз ҷумла риояи буҷаи давлатро, ки ғоратгарии рӯирост сурат мегирад. Дур намеравем, ду хонасозро маҳкам кардед, дигараш чӣ? Бад меоеду мегӯед, раҳбари давлат чӣ кор кунем? Чӣ хел чӣ кор кунем?! Чаро то ҳол надидед? Дағал ҳам шавад, қорӣ будед? Мо он қадар давлати бузург нестем, ки даҳҳо миллион гектар замин дошта бошему сарфаҳми ҳисобу китоби онро наравем. Дар замони Шӯравӣ кор кардаем, додситон ҳатто нақлиёт надошт, аммо дар бораи ҳама ҳаракату рафтор маълумот дошту медонист.”
Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз раҳбарият ва кормандони додситонӣ талаб кард, ҳангоми фаъолият ва таъини кадрҳо даст аз шиносбозию хешутаборӣ даст бардоранд: “Ҳангоми таъини вазифа аз ҳамкурсию ҳамсинфӣ ва хешу таборбозӣ даст кашед. Мақомот ҷои ёру рафиқӣ нест! Аз замони истиқлолият 23 сол сипарӣ мешавад, вале як мушкил 23 сол аст, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки додситонии кул низ дар он ҷойгир аст, ҳалли худро намеёбад. Пеши роҳи чор гӯштфурӯшро гирифта наметавонед. Барои он ки мову Шумо бозор намеравему дигарон харида меоранд. Як бор ба бозор раведу бубинед халқи бечора чӣ вазъ дорад.”
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти Шерхон Салимзода, додситони кулли кишвар низ норозигӣ намуда, аз ӯ хост, ба рафтору кирдори кормандонаш диққати ҷиддӣ диҳаду садди роҳи сарватхоҳии онҳо шавад. Пеш аз он ки оқои Раҳмон ин ҳарфҳоро ба забон орад, аз чӣ гуна барканор шудани Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли пешин ва боздошти фарзанди ӯ ёдоварӣ кард.
“Рафтори 872 нафар корманди мақомоти додситониро Салимзода ту бояд ҳамчун падару раҳбар назорат кунӣ. Ман ба ту чанд бор хонаҳоро бо расму ному насабаш нишон дода будам, ин ҳама аз ҳисоби кадом даромад аст? Ё биё саҳар назди бинои додситонӣ меравему мебинем, кӣ бо кадом навъи мошин ба кор меояд. Бубахшед, вақте як додситонӣ дар панҷ ноҳия кор мекунаду панҷ хонаи хидматиро банд мекунад, бар иловаи шахсӣ чигуна ба ӯ метавон бовар кард? Бар иловаи ин дар ҳар ноҳия боз аз ду то се заминро соҳиб мешавад”,-таъкид дошт президент.
Ӯ, инчунин, ба масъалаи содир шудани ҷиноятҳо аз сӯи фарзандони мансабдорони давлатӣ дахл карда, афзуд, “ҷиноятҳое, ки фарзандони мансабдорон мекунанду чорзону зада пеши президент меоед, ки чӣ кор кунем? Қонун барои чӣ аст?! Магар барои мансабдор алоҳида мебошад?! Вазифаат чӣ аст?! Аз дар мебароеду мегӯед, ман вай (одам)-и президент ин чӣ кор аст, ой бародар?!”
Ҷаноби Раҳмон дар охир ба кормандони додситонии кишвар ҳушдор дод, ки ҳангоми адои вазифа аз поквиҷдонӣ кор гиранду эҳтиёт бошанд: “Аз ҳар як нафаси кашидаи Шумо огаҳӣ дорам. Аммо дар бисёр ҳолат дурандешӣ мекунам. Ман Шуморо маҷбур накардаам, ба ин мақомҳо вазифаро гирифтеду савгандро ёд кардед, бадолатӣ накунед, Шумо бояд намуна бошед. Аз мардум ягон чиро пинҳон карда намешаваду бояд нашавад, чун ҳамаро онҳо бояд донанд. Барои Шумо ягон қонуни алоҳида нест, ки ман додситонаму... ин бояд гуфта нашавад. Мардум бояд аз шаффофияти фаъолияти президент сар карда, то додситониро бояд донад.” Ӯ ибрози таассуф кард, ин ҳама камбуд дар ҳоле ҷой дорад, ки ҳаҷми маоши кормандони додситонӣ то 100% зиёд карда шудааст: “Муйсафеде, ки 60-70 сол кор кардааст, 200 сомонӣ нафақа намегирад. Аз додситониии кул сар карда то коргаронаш агар поквиҷдонона кор мекарданд, дигарон низ кор мекарданд. Дар тамоми зинаҳо ҳама вобастагӣ аз роҳбар дорад. Боз як бори дигар мегӯям, ки вазифаи ман президентӣ асту аз Шумо додситонӣ, вазифаи мову Шумо мардумро бурда маҳбас карданӣ нест! Ин қадар парвандаи ҷиноиро боз кардему ин қадарашро маҳкам кардем, хуб ҷиноят ки содир шуд, бояд ҷинояткор ҷавоб диҳад. Аммо роҳҳои пешгирӣ аз ҷиноятро чӣ бояд кард?!”