29-уми август дар бинои муҷтамеи табъу нашри «Шарқи озод» дар шаҳри Душанбе ба муносибати 20 солагии истиқлолияти Қазоқистон ва рӯзи Сарқонуни ин кишвар намоиши аксҳо сурат пазируфт.
Ин намоишнома «Конститутсияи Қазокистон: кишвар ва мардум» унвон дошт ва зимни ифтитоҳи он зикр шуд, ки 20 сол қабл Қазоқистон дар ин рӯз ба истиқлолият расид. Дар чорабинии мазкур сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Смагулов Агибой ширкат ва суханронӣ кард. Аз рӯи овезаҳо ба ҳозирин дар бораи фарҳангу маънавиёти мардуми қазоқ маълумоти кӯтоҳ дода шуд.