Котиби давлатии ИМА вориди Афғонистон шуд ва бо Абдуллоҳу Ашраф Ғанӣ мулоқот мекунад
Ҷон Керри, котиби давлатии Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар пасманзари буҳрони сиёсии Афғонистон, ки баъди эълони натоиҷи ибтидоии даври дуюми интихоботи президентӣ ба миён омад, ба ин кишвар сафар кардааст.
Қарор аст, зимни ин сафар ӯ бо ҳар ду номзади даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурӣ –Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дидору гуфтугӯ кунад.
Қабл аз ин сафараш Ҷон Керри изҳор дошта буд, ИМА вазъи Афғонистонро бо нигаронии ҷиддӣ назора хоҳад кард. Ӯ афзуд, даъват барои ташкили “ҳукумати мувозӣ” сабаби қатъи кӯмакҳои Вашингтон ба ин кишвар хоҳад шуд.