Тоҷикистон: Ҳалокати 21 нафар дар сӯхтор
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тайи нимсолаи аввали соли равон бар асари сӯхторҳо 21 нафар ҷон бохтаанд, ки 10 нафари онҳоро ноболиғон ташкил додаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ ин масъала дар ҷаласаи мушовара дар ҳазури вазир, Рамазон Раҳимзода мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки чораандешиҳо дар ин самт густариш ёбанд. Ба иттилои манбаъ дар нимсолаи аввали соли равон теъдоди сӯхторҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 адад афзоиш ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки Хадамоти давлатии оташнишонии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи соли 2014 дар 43 ҳазору 736 иншоот ва 567 ҳазору 652 манзилҳои истиқоматӣ санҷишҳои ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор гузаронида, нисбати масъулин 33 ҳазору 610 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Манбаъ афзуд, тайи ин муддат гунаҳкорон ба маблағи зиёда аз 3 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуда, дар асоси маводҳои ҷамъоварда 78 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.