Исфандиёр: "Хуросон! Магар парчамат кай фитод?"; Беҳрӯз: "Куҷо шуд шуҳрати Балху Бухоро?"
Баъд аз эълони натоиҷи ибтидоии даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ камаш ду шеъри шоирони тоҷик роҳ ёфт. Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон 7 июл эълон кард, ки Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 56,44 ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ 43,56 дарсади раъйҳоро ба даст овардаанд. Ин дар ҳоле, ки дар даври аввал Абдуллоҳ 45 ва Ашраф Ғанӣ 31 дарсад раъй гирифта буданд. Тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ комиссияи интихоботро дар тақаллуби густурда муттаҳам карда, мегӯяд интихоботро номзади онҳо бурдааст. Дар Тоҷикистон бештар аз номзадии Абдуллоҳ Абдуллоҳ пуштибонӣ мешавад. Ва дар пасманзари буҳрони интихоботӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёду доманадоре ҳам рӯ зад. Бархе аз корбарони тоҷикистонӣ аксҳои худро бо акси Абдуллоҳ Абдуллоҳ иваз карданд. Аммо нуктаи ҷолиб ин буд, ки ду шеъри шоирони тоҷик хеле зиёд писандида шуду “лайк” гирифт ва афроди зиёде ҳам онро дар саҳифаи худ бознашр карданд. Гузашта аз ин, онҳо бо хатти форсӣ ҳам баргардон шуданд. Шеъри аввал аз Исфандиёри Назар буд, ки ба зудӣ пас аз эълони натоиҷи ибтидоӣ ба интернет роҳ ёфт, ки “Хуросон” ном дошта, аз 52 мисраъ иборат аст. “Хуросон! Магар парчамат кай фитод? Ки корат ба карҳои Карзай фитод! Бихезу хурӯше чу Омӯ бизан! Шабехуни сахте ба Инҷӯ бизан! Саросар ту гаҳвораи Рустамӣ, На ҷойе ба Аҳмадзайу Обамӣ!”Дар он ба дуздии раъйи мардум дар интихобот ҳам ишора шудааст: “Хуросон! Замини ниёгони ман, Хуросон! Дили ман! Дилу ҷони ман! Ба по хезу пойи адӯро шикан, Сари хасми бе оби рӯро шикан! Сари он, ки ӯ дузди орои туст, Намояндаи хасму аъдои туст! Туро буд бояд чу Масъуди фард, Гаронмоя марди бузурги набард. Набояд дигарбора макру ҳиял, Туро барнишонад ба доми аҷал.” Ва шеъри дигар аз Беҳрӯзи Забеҳулло аст, ки ҳамчунин “Хуросон” ном дорад. “Хуросоно! Куҷоянд родмардон? Ҳижаброни далеру шери майдон? Бигу Момо! Куҷо шуд Рустами ту? Ба дасти кист ҷому парчами ту ? Яли Исфандиёр, руинтанат ку? Занони оқилу мардафканат ку? Амирону аморотат куҷо шуд? Ва пирони хароботат куҷо шуд? Куҷо шуд Геву Гударзу Сиёвӯш? Куҷо шуд Кова он сардори боҳӯш!? Фарру фарҳангу фармонат куҷо шуд? Шукӯҳу шавкату шонат куҷо шуд? Куҷо шуд шуҳрати Балху Бухоро? Куҷо шуд қудрати Ҷамшеду Доро? Чаро озодагонат дар фироранд? Чаро фарзонагонат хору зоранд? Аё хоки парешонхурдаи мо, Аё ганҷи ба яғмо бурдаи мо: Зи хашми хеш туғён мекунам боз, Туро аз нав Хуросон мекунам боз! Дар пасманзари ин ҳама дар интернет клипи таронаи “Ҳамватан”-и Ваҳид Қосимӣ, ҳунарманди шинохтаи Афғонистон нашр гардид, ки қабл аз интихобот ба ҳимоят аз тими “Ислоҳот ва Ҳамгароӣ”-и доктор Абдуллоҳ таҳия шудааст.VIDEO