Эътирози Душанбе ба Бишкек: "Марзбонони мо аз силоҳ истифода накардаанд"
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар пайи тирпаронии 10 июл дар маҳалли Бедаки ҷамоати Ворухи Исфара аз сӯи ҳарбиёни қирғиз ба мақомоти он кишвар ёддошти расмӣ ё нота ирсол кардааст. Масъулони вазорат аз рухдоди ин ҳодиса, ки як куштаву ҳафт захмӣ боқӣ гузошт, изҳори нигаронӣ карда, гуфтаанд, “бояд қайд кард, аз ҷониби марзбонони тоҷик силоҳи оташфишон истифода нашуд”.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин тирпаронӣ “новобаста аз созишҳои чандинкарата оид ба ҳудудҳои мувофиқанашудаи сарҳадӣ ба вуқӯъ пайваст”. Аз ин рӯ, ҷониби Тоҷикистон “вобаста ба нақзи созишҳои номбурда аз тарафи мақомоти алоҳидаи Қирғизистон изҳори нигаронӣ менамояд”.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар иттилоияе, ки баъд аз зуҳри 10 июл нашр кард, гуфтааст, ҳарбиёни қирғиз дар ҳоле ба сӯи сокинони осоиштаи Тоҷикистон оташ кушоданд, ки “онҳо дар ҳудуди заминҳои кишоварзии хоҷагии кооперативии “Ворух”-и ноҳияи Исфара бо корҳои гузаронидани қубури обгузар машғул буданд”.
“Ҳамин вақт ба назди онҳо марзбонони қирғиз, ки дар дидбонгоҳи “Тамдиқ” воқеъ дар қитъаи баҳсталаби сарҳадӣ хизмат менамоянд, наздик шуданд ва нисбат ба сокинони осоишта рафтори номатлуб зоҳир карда, талаби ғайриқонунии қатъи корҳо ва тарк кардани мавзеъро пеш оварданд. Марзбонони Тоҷикистон, ки дар наздикӣ воқеъ буданд, барои муайян кардани ҳолати бавуҷудомада, ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, кӯшиш карданд, то амалҳои ғайриқонунии марзбонони қирғизро боз доранд. Дар ҷавоб ногаҳон аз ҷониби марзбонони қирғиз тирпаронии нишондор оғоз гардид”,-омадааст дар иттилоияи Вазоарти умури хориҷии Тоҷикистон.