Кумитаи ҷавонон ба Шаҳбол 4 ҳазор сомонӣ ваъда кард
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба барномаи хароҷоташ дар нимсолаи дуюми соли 2014 тағйирот ворид намуда, ният дорад ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи нерӯҳои марзбонии кишвар 4 ҳазор сомонӣ кӯмак кунад.
Кабирҷон Ҷураев, муовини аввали раиси ин Кумита, имрӯз, 10 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, рӯзҳои наздик ин кӯмаки молӣ ба Шаҳбол расонда хоҳад шуд.
Баҳси қазияи ин сарбози дар хидмати ҳарбӣ маъюбшуда дар ҳолест, ки раиси нави Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Аҳтам Абдуллозода аз ҷавонон даъват намуд, барои хидмат ба Ватан фаъол бошанд. Абдуллозода гуфт, танҳо ҷавонмарде, ки нангу номуси миллӣ дорад рафта содиқона ба Ватан хизмат мекунад.
Ӯ ин корро барои наздикони мансабдорон низ қарз хонда, худро мисол овард, ки се моҳ пеш дар вақти ҷонишини раиси Комисияи даъват ба хидмати ҳарбӣ буданаш, бародарашро, ки тоза донишгоҳро хатм намуда буд барои адои хизмати ҳарбӣ фиристодааст: “Танҳо ҷавонмарде, ки нангу номуси миллӣ дорад, модари худашро ҳимоя мекунад, нангу номуси хоҳари худро ҳимоя мекунад, рафта содиқона хизмат мекунад. Барои он, ки ягон аҷнабӣ омада, дасти нопоки худро ба домани поктинати модари мо нарасонад. Мо ҷавонмардон бояд рафта хизмат кунем. Ду сол ҳамагӣ хизмат мекунем 70 соли дигар дигарон хизмати моро мекунанд. Ман боварии комил дорам, ки нангу номуси ҷавонмардони тоҷик баланд астӣ Мушкили ба таври маҷбурӣ ба сафи қувваҳои муссалаҳ рафтани ҷавонон аз байн рафта истодааст ва меравад”.