АКС: Дӯконҳои холӣ ва бастаи гӯштфурӯшӣ дар Душанбе
Дар пайи даъвати Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ба инсоф ва насби дурбинҳои назоратӣ сокинони пойтахт аз набудани гӯшт дар бархе аз бозорҳо шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, тайи чанд рӯзи охир бархе аз гӯштфурӯшон фаъолияти худро ногаҳон қатъ кардаанд ва ё гӯштҳоеро аб фурӯш мебароранд, ки зоҳиран хеле истодаанд ва ҳайвони харобанд.
Холаи Назира, сокини пойтахт ва муштарии доимии бозори “Шоҳмансур” низ аз ин иқдоми ногаҳонии қассобон нигаронӣ карда, гуфт, ҳоло бо нархи 40 сомонӣ низ ӯ наметавонад, гӯшт харад. “Намедонам, ба ин гӯштфурӯшон чӣ шудааст?! Ҳамаашон яку якбора ғайб задаанд ё барои фурӯш гӯшти хуб надоранд. Ҳама мегӯянд, ба хотири он ки онҳоро барои поин бурдани нархи гӯшт дар моҳи Рамазон маҷбур кардаанд. Аз барои савоб ин хел намешавад. Рости гап, ҳамон вазъи пештара беҳтар буд, чун қиммат ҳам буд, гӯшти хуб ёфта мехаридӣ, ҳоло чӣ?”- афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, яке аз қассобони пойтахт, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, сабаби холӣ будани дӯконҳо иқдоми иҷбории мақомот барои поин бурдани нархи гӯшт аст. Ӯ дар шарҳи гуфтаҳояш афзуд, “чаро қимати кунҷораю чигит ва нархи иҷораи дӯконҳо боло равад, иҷоза асту нархи гӯшт не? Агар мақомот мехоҳад, дар моҳи Рамазон нархи гӯшт поин равад, бигзор дар ин моҳ ҳаққи иҷораи моро кам кунанд ва мо низ аз ҳисоби он нархро поин барем. Мо говро аз кӯча қапида кушта намефурӯшем...”
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳукумати кишвар, ки 30 июн баргузор гардид, низ аз болобарии сунъии нархи маводи ғизоӣ, хусусан гӯшт дар моҳи шарифи Рамазон изҳори нигаронӣ карда, барои муайян намудани сабабҳои он дастур дода буд. Раиси ҷумҳур таъкид намуд, дар моҳи шарифи Рамазон, мувофиқи расму оин ва суннатҳои мусулмонӣ, нархҳо бояд арзон карда шаванд на баръакс.
Баъдан шаҳрдори Душанбе низ аз тоҷирон ва соҳибкорони пойтахт даъват кард, ба хотири дастгирии табақаҳои ниёзманду иҷтимоии шаҳр ва дарёфти савоби моҳи мубораки Рамазон нархи 20 навъи маводи ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт, орд, нон, равған, биринҷ, макарон, шакар, шир, тухм, сабзӣ, картошка, пиёз, чакка, бодиринг, помидор, карам, тарбуз ва харбуза то 10% ибтикоран поин бурда шавад. Инчунин, раҳбарияти бозорҳои пойтахт, аз ҷумла бозори “Шоҳмансур”, “Саховат”, “ Деҳқон” ва бозори “Қарияи боло” муваззаф гардиданд, фурӯши гӯшти гов бо нархи 36 сомонӣ дар моҳи Рамазон ба роҳ монда шуда, ба фурӯш гузоштани равғани чарбу аз сӯи қассобон манъ карда шавад.