Аз раёсати БДА ВКД гуфтанд, ки нимаи рӯзи гузашта дар маркази вилояти Суғд ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел вектра» Баҳриддин Зиёеви 35 сола аснои ҳаракат дар кӯчаи Ленин дар рӯ ба рӯи донишгоҳи политехникӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Хайрӣ Ашрафҷоноваро зер мекунад. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан мефавтад.
Манбаъ афзуд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 3 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 1 нафар ба ҳалокат расида, ду тани дигар захм бардоштанд.