Марде, ки ба номуси духтараш дастдарозӣ кардааст, 4 сол равонаи зиндон шуд
Додгоҳи ноҳияи Ариси вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ як сокини вилоятро, ки дар таҷовузи духтараш муттаҳам мешуд, чор сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Бино ба натиҷаи тафтишот, маҳкумшуда 4 январи соли равон дар ҳолати сархушӣ бо зӯр ба номуси духтари калонаш барои он ки аз шавҳараш ҷудо шудааст, дастдарозӣ мекунад.