Номи Раҳмон дар қатори Сталин, Қаззофӣ ва... Хумайнӣ дар китоби “Падарони ҳамаи мардум”
Исми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба китоби “Падарони ҳамаи мардум” ворид шудааст. Дар ин китоб раҳбароне гирд оварда шудаанд, ки атрофи номашон кеши шахспарастӣ шакл гирифтааст.
Аммо президенти Узбакистон Ислом Каримов ба ин феҳраст шомил нашуда. Ба иддаои муаллифон, дар Узбакистон аксҳои бузурги Каримовро зиёд намебинед. “Каримов дар ин қатор нест”, - гуфтааст Томас Кунце, муаллифи китоби “Падарони ҳамаи мардум”.
Китоби мазкур чанд ҳафта қабл дар Олмон нашр шуда, иҷозатномаи аввалинро барои чопи он дар хориҷи кишвар Қирғизистон дарёфт кардааст ва ҳоло онро нашриёти “Алтын Тамга”-и Бишкек ба нашр расондааст.
Ба китоб беш аз 20 шахсияти таърихи муосир, ки шахсиятпарастӣ ба таври васеъ атрофи онҳо шакл гирифтааст, шомил шудаанд. Аз ҷумла номҳои Гитлер, Сталин, Мао Ким Ир Сен, Қаззофӣ, Хумайнӣ, Сафармурод Ниёзов, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Нурсултон Назарбоевро онҷо вохӯрдан мумкин аст.