ВИДЕО: Ҳимояти президент аз “Ҷаҳони андеша”-и Комил Бекзода ва ёрони ӯ
Фарҳод Раҳимов, президенти Академия (Фарҳангистон)-и улуми Тоҷикистон, аз маҳфили “Ҷаҳони андеша”-и гуруҳе аз донишмандони тоҷик, ки миёнашон файласуф Комил Бекзода низ ҳаст, ҳимоят кард. Ӯ дар нишасти хабарии 10 июл дар Душанбе гуфт, “бигзор ҳамин маҳфил бошад”.
Ҷаноби Раҳимов илова намуд, аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” озоданд ва касе ҳақ надорад, иҷборан пеши роҳи онҳоро бигирад. “Дар мавриди китобе, ки онҳо ба нашр расонданду мавриди баҳс қарор гирифт, бигзор, мардум хонда худашон баҳо диҳанд”,-таъкид дошт Фарҳод Раҳимов.
Аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” соли 2013 китоберо бо номи “Ҷаҳонбинии оянда” дар нашриёти "Кайҳон" ба табъ расонданд, ки аз чиҳил саҳифа иборат буда, як боби он дар мавриди вуҷуди Худо баҳс мекунад. Ин мавзуъ танҳо баъд аз тақрибан як соли нашри ин китобча бо вокунишҳои тунди бисёре аз сокинон ва руҳониён қарор гирифт. Комил Бекзода, Нозим Нурзода, Ҳафиз Бобоёров (Холиқзода), Ёрмаҳмад Ниёзӣ, Шодибой Атоӣ, Нуриддин Шаҳобиддин, Номвар Қурбон Файзи Олӣ узви маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебошанд.
Комил Бекзода, ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, баҳори соли ҷорӣ дар сӯҳбат бо Озодагон гуфта буд, ҳадаф аз таълифи "Ҷаҳонбинии оянда", ки бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ шуда, ҳатто худи ӯ мавриди танқид қарор гирифтааст, зинда кардани кадом як баҳс дар ҷомеа набуда, балки он як мақолаи ҳисоботӣ дар шакли протокол мебошад.
Ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳо афзуд, мақолаи "Ҷаҳонбинии оянда" маҳсули 20-солаи маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебошад, ки аз тарафи ӯ ташкил шуда, мавриди мазаммати бархеҳо қарор гирифта буд: “Вақте мо маҳфили Ҷаҳони андешаро ташкил кардем, баъдан баъзеҳо гуфтанд, ин маҳфил нест, чойхонаи Бекзода мебошад. Мо тасмим гирифтем, барои барҳам задани ин нофаҳмиҳо дар шакли хулоса мақолаеро ба нашр расонда, ҷомеаро огоҳ кунем, ки дар муддати ин 20 сол мо чӣ кор кардем.”